Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

MEШӢ

MEШӢ, навъе аз чарм, ки асосан аз пӯсти гӯсфанд ва буз тайёр карда мешавад. Меши ёзанда ва чандир аст. МӢро бо усули химиявӣ ва механикӣ карм карда, бо пайвастҳои алюминий даббоғӣ мекунанд. Барои тайёр кардани дастпӯшак, рӯйчарми пойафзол, протез ва ғ. истифода мешавад.  

Муфассал »

МЕШ

mesh

МЕШ, гӯсфанди мода, ҷинси модаи наслдиҳандаи гӯсфанд. Меш нисбат ба гӯсфанди нар ҷуссаю сари хурд ва гардани дароз дорад. Одатан бешох мешавад. Дарозии танааш 60—110 см ва баландии сари душат 55—100 см. Вазни зиндааш 30—100 кг. Рангаш сафед, сиёҳ, малла ва ашҳобӣ. Аз 15—18-моҳагӣ ҷуфтӣ мекунанд. Даври ҳамлаш 145—155 шаборӯз, …

Муфассал »

МЕЧНИКОВ Илья Ильич

mechnikov

МЕЧНИКОВ Илья Ильич (15. 5. 1845, деҳаи Ивановка, ҳозира р-ни Купяиски вил. Харьков — 15. 7. 1916, Париж), биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи муқоисавӣ, микробиология ва эмбриологияи эволюционӣ. Аъзои фахрии АФ Петербург (1902). Университети Харьковро (1864) хатм кардааст. Солҳои 1870—82 проф. Университети Новороссийск дар Одесса (ҳоло Университети давлатии Одесса …

Муфассал »

МЕЦ

mec-adams

МЕЦ (Меs), Адам (8. 4. 1869, Фрейбург — дек. 1917), шарқшиноси Щаейцарӣ. Ҳуқуқи илоҳиёт ва забони Шарқро омӯхтааст. Ба ин кор ӯ арабшиноси машҳур Теодор Нёльдеке аз сафараш ба баъзе шаҳрҳои Шарқ ёрӣ кардаанд. Аввал забонҳои сомӣ, баъдтар арабиро аз худ кард. Баъди нашри асари калонаш «Эҳёи ислом» (1922) машҳур …

Муфассал »

МЕХЧАГУЛ

МЕХЧАГУЛ, ниг. Мехак. мехчаобак, як навъ ангуон миёнсолӣ. Селекцияи халқӣ. Асосан дар p-ни Конибодоми РСС Тоҷикистон ва районҳои вил. Фарғонаи РСС Ӯзбекистон парвариш меёбад. Тоқаш тезсабз, 46—45% -и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна, мудаввар, 5-парра, гулаш дуҷинса, хӯшааш миёна ва калони зич, 330—450 г. Донааш калон ва миёна, байзашакл, сершираю ширнӣ, …

Муфассал »