Маълумоти охирин

МЕЦ

mec-adamsМЕЦ (Меs), Адам (8. 4. 1869, Фрейбург — дек. 1917), шарқшиноси Щаейцарӣ. Ҳуқуқи илоҳиёт ва забони Шарқро омӯхтааст. Ба ин кор ӯ арабшиноси машҳур Теодор Нёльдеке аз сафараш ба баъзе шаҳрҳои Шарқ ёрӣ кардаанд. Аввал забонҳои сомӣ, баъдтар арабиро аз худ кард. Баъди нашри асари калонаш «Эҳёи ислом» (1922) машҳур

гардид. Ин асар, ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти моддию маънавии а-ҳои 9—10 хилофати арабро мавриди таҳлилу тадқиқи муфассал қарор додааст. Муаллиф дар баробари масъалаҳои қонунгузорӣ, идораи мамлакат, молия, андоз, доир ба тарзи хоҷагӣ, роҳҳои дарьёию баҳрӣ, шаҳрҳо, зиндагии мардум, адабиёт, расму оин, дин, маориф ва ғ. низ маълумоти амиқ додааст. Асари мазкур барои илми шарқшиносӣ ва омӯзиши таърихи халқҳои Шарқи Наздику Миёна аҳамияти калон дошт, ба забонҳои англисӣ, испанӣ, туркӣ, арабӣ, франсавӣ, русӣ ва ғ. тарҷума шудааст.

Ас.: Мусульманский ренессанс, М.. 1978.

У. Султонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …