Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МЕҲРИХОТУН

МЕҲРИХОТУН  (1456— 1514), шоираи турк. Аз оилаи қозӣ ва шоир. Соҳибмаълумот буд. За­бон ва адабиёти форсиро хуб медонист. Дар шеърҳояш муҳаббат ва хушбахтии инсонро тараннум кар­да, ба тарафдории ҳуқуқи занон сухан рондааст. Аксари шеърҳои Меҳрихотун хусусияти тарҷумаиҳолӣ дошта, дар шакли назира ба ашъори шоири намоёни ҳамзамонаш Наҷотӣ гуфта шудаанд. Шеърҳои …

Муфассал »

МЕҲРИИ ҲИРОТӢ

mesheryakov

МЕҲРИИ ҲИРОТӢ (соли таваллуд номаълум—ваф. тақр. 1449, Ҳирот), шоираи тоҷик. Шахси соҳибмаълумоте будааст. Бо дарбори Шоҳрух (1405—47) ва махсусан завҷаи Шоҳрух. Гавҳаршодбегим робитаи наздик дошт. Ӯ зани ҷасур, фошгӯ ва ҳаҷвнигор буда, ба ин сабаб аз тарафи Шоҳрух ба зиндон партофта шудааст. Баъди озод шу­дан аз зиндон робитаашро аз дарбор …

Муфассал »

МЕҲРИИ АРАБ

mesheryakov

МЕҲРИИ АРАБ Мир-Сайидалӣ ибни Мирмусоиди Омулӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 17. Ба арабию форсӣ шеър мегуфт. Дар дарбори султон Ҳусайни Сафавӣ хизмат карда, ба унвони «маликушшуаро» соҳиб шудааст. Меҳрии Араб дар шеър гоҳо «Меҳр» ва «Сайид» низ тахаллус мекардааст. Меҳрии Араб соҳибдевон аст. Як нусхаи девони ӯ, …

Муфассал »

«МЕҲРГОНИ ХУРД»

«МЕҲРГОНИ ХУРД» ( — Ҷашн, тантанаи хурд), Меҳргони хурдак, 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки Борбади Марвӣ барои ҷашворони Хусрави Парвиз эҷод кардааст. 2) Яке аз гӯшаҳост дар таркиби «Дувоздаҳмақом». 3) Шӯъбаест дар таркиби «Понздаҳмақом», ки онро бештар «меҳргони борбадӣ» ва «меҳргони шоҳӣ» меномидаанд.

Муфассал »

«МЕҲРГОНИ БУЗУРГ»

«МЕҲРГОНИ БУЗУРГ» ( —ҷашн, тантанаи бузург), 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ эҷод намудааст. «Меҳргони Бузург» дар байни мардумони Мовароуннаҳру Хуросон аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҷашни Меҳргон ба шумор мерафтааст. 2) Гӯшаест дар таркиби «Дувоздаҳмақом».

Муфассал »