Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИКРОБИОЛОГИЯ

mikrobiologiya

МИКРОБИОЛОГИЯ (аз микро… ва биология), илмест дар бораи сохт, таърихи инкишоф, генетика, систе­матика, физиология ва экологияи микроорганизму (мас., бактерияҳо, микоплазмаҳо, занбурӯғҳо ва обсабзҳои микроскопӣ). Микробиология асосан биологияи микроорганизмҳо, коркарди усулҳои мубориза бар зидди микроорганизмҳои зараррасон ва истиродаи микрооргаиизмҳои фоиданокро тадқиқ, менамояд. Инкшиофи Микробиология ва талаботи амалия боиси ба соҳаҳои мустақили …

Муфассал »

МИКОЯН

МИКОЯН, деҳаест, дар С. қ. Ҷиликули райони Ҷиликул, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. колхози «Пахтакор». Аз деҳа то маркази С. қ. 2 км, то район 20 км. Аҳолиаш 600 нафар (1981), тоҷикон. Чойхона ва магазин дорад Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, кирмакдорӣ, чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи канал аз д. Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

МИКОЯН Артём Иванович

mikoyan-artem

МИКОЯН Артём Иванович (5. 8. 1905, деҳаи Санаин, ҳозира pайони Туманян, PСC Арм.— 9. 12. 1970, Моск­ва), авиаконструктори советӣ, акад. АФ СССР (1968; аъзо-корр, 1953), генерал-пол­ковники хизмати инженерӣ – техни­кӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1956, 1957). Аъзои КПСС аз соли 1925. Аз соли 11923 аввал дар заводхои Ростови Дон …

Муфассал »

МИКОЯН Анастас Иванович

mikoyan

МИКОЯН Анастас Иванович (25. 11. 1895, деҳаи Санаин, ҳозира райони Туманян, РСС Арм.— 21. 10. 1978, Москва), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати К Социалистӣ (1943). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1915. Семинарияи динии Тбилисиро хатм намуд. Солҳои 1917—18 дар Тби­лиси, Эчмиадзин, Боку ба корҳои партиявӣ роҳбарӣ …

Муфассал »

МИКОТОКСИКОЗҲО

mikotoksikoz

МИКОТОКСИКОЗҲО (аз юн Mукеs —занбурӯғ ва toxixon — заҳр), касалиҳои ҳайвонот. Аз моддаҳои заҳрогини занбурӯғҳои дар хӯрок ғуншуда ба вуҷуд меоянд ва васеъ паҳн мешаванд; сироятӣ нестанд. Баробари иваз кардани хӯрок касалӣ қатъ мегардад. Микотоксикозҳо тирамоҳи баҳор ҳангоми чарондани чорво дар чарогоҳҳои гиёҳашон хӯшадори да­равнашуда ё зимистон ҳангами ба чорво …

Муфассал »