Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИКРОСПОРИЯ

mikrosporiya

МИКРОСПОРИЯ (аз микро… ва юн. sporа — тухм, кишт), касалии занбурӯғии одам ва ҳайвонотро гӯянд, ки ба гурӯҳи трихомикозҳо (ниг. Дерматомикоазҳо) мансуб буда, онро асосан микроспорони занга ва микроспорони пашмак ба вуҷуд меоранд. Микроспорияи одам. Ба шахси солим аз ҳайвон ё одами касал мегузарад. Асосан бачагон гирифтор мешаванд. Қисми мӯйдори …

Муфассал »

МИКРОСПОРИДИЯҲО

mikrosporidiya

МИКРОСПОРИДИЯҲО (Microsporidia), номи як гурӯҳ организмҳои соддатаринанд, ки ба синфи кидоспоридияҳо мансубанд. Бештар аз 20 ҷинс ва 300 намуд доранд. Микроспоридияҳо пара­зит дохилиҳуҷайравии ҳайвонот (асосан бандпойҳо ва модиҳо) мебошанд. Бо роҳи ғайриҷинсӣ меафзоянд. Баъди қатъ гардидани процесси ҷинчӣ (автогамия) процесси спораҳосилшавӣ (спорогония) оғоз меё­бад. Спораҳои Микроспоридияҳо асосан байзашакли калонашон 2—10 …

Муфассал »

МИКРОСОЦИОЛОГИЯ

mikro

МИКРОСОЦИОЛОГИЯ, яке аз номҳои ҷараёни социологияи буржуазист, ки солҳои 20 асри 20 пайдо шуда­аст. Микросоциология муносибатро дар гурӯҳҳои хурд (Ниг. Гурӯҳи иҷтимоӣ) ба сифати модели асосии муносибатҳои иҷтимоӣ мавриди тадқиқ қарор додааст. Одатан назарияи Г. Гурвич ва Я. Мореноро Микросоциология мегӯянд. Номи бештар маъруфаш социометрия ме­бошад.

Муфассал »

МИКРОСКОПИЯ

mikroskopiya

МИКРОСКОПИЯ, номи усулҳои бо микроскоп мушоҳида намудани объ­ектҳои майда ва майдатарин ва ҷузъҳои ба чашм нонамоёни таркибии онҳо. Усулҳои мушоҳидаи микроскопӣ вобаста ба характер ва хосияти объекти омӯхташаванда муқаррар карда мешавад. Усулҳои Микроскопмяи поляризационӣ, интерференционӣ ва люминесцентӣ мавҷуданд. Дар шуоъҳои инфрасурх, ултрабунафш ва нурҳои намоён му­шоҳида намудани объектҳо ва усулҳои …

Муфассал »

МИКРОСКОПИ ЭЛЕКТРОНӢ

mikroskopi-elektroni

МИКРОСКОПИ ЭЛЕКТРОНӢ, асбобест барои мушоҳида ва чандкарата калон карда гирифтани тасви­ри объект (дар он ба ивази нури рӯшноӣ дастаи электронҳои фавқуссуръат истифода мешаванд). Микроскопи электронӣ тасвири предметро садҳо ҳазор маротиба калон мекунад. Микроскопҳои элекронии мусаффо (шаффофобъект), инъикоскунанда, растрӣ, эмиссионӣ, оинагӣ ва ғ. мавҷуданд. Дар Микроскопи электронӣи мусаффо дастаи электронҳо аз …

Муфассал »