Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАДАНИЯТИ ҚАЙРОҚҚУМ

МАДАНИЯТИ ҚАЙРОҚҚУМ, маданияти давраҳои миёна ва охири асри биринҷӣ. Маданияти Қайроққум асосан дар қисми ғарбии водии Фарғона, дар соҳили рости дарёи Сир ва обанбори Қайроққум паҳн шудааст. Ёдгориҳои Маданияти Қайроққумро соли 1954 бори аввал А. П. Окладников кашф ва солҳои 1955—56 Б. А. Литвинский тадқиқ кард. Бостоншиносон Маданияти Қайроққумро ба …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ

МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ, маданияти археологии давраи энеолит, ки дар нимаи дуюми ҳазораи 3 — аввали ҳазораи 2 то м. дар минтақаи даштии Аврупои Шарқӣ, аз Урал то поёноби Дунай паҳн гардида буд. В. А. Городцов соли 1901 аввалин ёдгориҳои Маданияти Ямнаяро дар Донеци Северск кашф ва муайян намуд. Аз сохти қабрҳои …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ ШУМЕР

МАДАНИЯТИ ШУМЕР, маданияти ҳазораҳои 4—3 то м. шумериҳо, ки дар қисми зиёди Байнаннаҳрайн паҳн буданд. Баробари маданияти мисриён қадимтарин маданияти ҷамъияти синфӣ мебошад. Ба Маданияти Шумер олоти мисӣ, баъдтар биринҷӣ ва инкишофи зироати обӣ хосанд. Иморатҳо аз хишти хом бо ҳавлиҳои даруну берун сохта мешуданд. Ибодатгоҳ маркази шаҳр ҳисоб мешуд, …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ ФАТЬЯНОВО

МАДАНИЯТИ ФАТЬЯНОВО, маданияти археологии асри биринҷӣ. Дар охири ҳазораи 3 ва ҳазораи 2 то м. дар байни дарёҳои Ока ва Волга, инчунин ҳавзаи дарёҳои Москва, Клязьма, Сура паҳн гардида, буд. Аз номи Қабристони д. Фатьяновои вилояти Ярославль. Аҳолии Маданияти Фатяново бо чорводорӣ, эҳтимол бо деҳқонӣ виз машғул буд; баробари ашьёҳои …

Муфассал »

МАДАНИЯТИ ТРИПОЛИЯ

МАДАНИЯТИ ТРИПОЛИЯ, маданияти археологии давраи энеолит, ки дар байни Наздикарпати Шарқӣ ва пастиҳои Наздиднепри Миёна, паҳн шуда буд; дар ҳудуди Руминия маданияти Кукутени ном гирифтааст. Аз рӯи аввалин бозёфтҳои аз деҳаи Триполияи вилояти Киеви РССУ ба дастомада номбар шудааст. Инкишофи Маданияти Триполияро ба се давра тақсим мекунанд: давраи аввал — …

Муфассал »