Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ

МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ

МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ, маданияти археологии давраи энеолит, ки дар нимаи дуюми ҳазораи 3 — аввали ҳазораи 2 то м. дар минтақаи даштии Аврупои Шарқӣ, аз Урал то поёноби Дунай паҳн гардида буд. В. А. Городцов соли 1901 аввалин ёдгориҳои Маданияти Ямнаяро дар Донеци Северск кашф ва муайян намуд. Аз сохти қабрҳои зери пуштаҳо ном гирифтааст. Қабилаҳои Маданияти Ямная бо чорводорӣ ва деҳқонӣ, инчунин шикор ва моҳигирӣ машғул буданд. Онҳо дар давраи гузариш аз сохти модаршоҳӣ ба падаршоҳӣ зиндагӣ мекарданд. Бошишгоҳҳои авлодӣ ва пуштақабрҳо маълуманд. Аз пуштаҳо зарфҳои сафолии байзашакл, корд, дос, пайконҳои сангӣ, табарҳои мисӣ, маснуоти зебу зинат ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …