Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ

МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ

МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ, маданияти археологии давраи энеолит, ки дар нимаи дуюми хазораи 3 — аввали хазораи 2 то м. дар минтакаи даштии Аврупои Шарки, аз Урал то поёноби Дунай пахн гардида буд. В. А. Городцов соли 1901 аввалин ёдгорихои Маданияти Ямнаяро дар Донеци Северск кашф ва муайян намуд. Аз сохти кабрхои зери пуштахо ном гирифтааст. Кабилахои Маданияти Ямная бо чорводори ва дехкони, инчунин шикор ва мохигири машгул буданд. Онхо дар давраи гузариш аз сохти модаршохи ба падаршохи зиндаги мекарданд. Бошишгоххои авлоди ва пуштакабрхо маълуманд. Аз пуштахо зарфхои сафолии байзашакл, корд, дос, пайконхои санги, табархои миси, маснуоти зебу зинат ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.