Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК, ёдгории меъмории асри 15 дар шаҳри Самарқанд. Як ҷузъи ансамбли Регистони Самарқанд. Cолҳои 1417—20 бо фармони Улуғбек сохта шудааст. Даромадгоҳи Мадраса бо пештоқи муҳташами мунаққаш ва ҳотамкорӣ зинат ёфтааст. Дар ду гӯшаи Мадраса ду гулдаста қомат оростааст. Девори намои асосӣ (ду пахлуи пештоқ) бо ду қатор тоқҳои ороииш …

Муфассал »

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК ДАР БУХОРО

????????????????????????????????????

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК, ёдгории меъмории асри 15 дар Бухоро. Соли 1417 бо фармони Улуғбек сохта шудааст. Меъмор — Исмоил ибни Тоҳир ибни Маҳмуди Исфаҳонӣ. Бо вуҷуди нисбат ба мадрасаи Улуғбеки Самарқанд ҳаҷман хӯрд ва аз чиҳати банду баст соддатар буданаш, композицияи дақиқу мукаммал дорад. Кошикориву ҳотамкориҳояш ҳам хоксорона, вале хеле дилкашу …

Муфассал »

МАДРАСАИ ТУРСУНҶОН

Медресе Мулло Турсунжон

МАДРАСАИ ТУРСУНҶОН, ёдгории меъмории асри 19 дар Бухоро. Соли 1896— 97 сохта шуда, дар маҳаллаи Бозори Нав, дар сари роҳи байни Тоқи телпакфурӯшон ва Регистони Бухоро ҷой дорад. Мадрасаи Турсунҷон дуошьёна буда, атрофи ҳавлии онро ҳуҷраҳо иҳота кардаанд. Аз мадрасаҳои пешина фарқаш ҳамин аст, ки дар ин ёдгорӣ дарсхона ва …

Муфассал »

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ, ёдгории меъмории асри 17 дар Регистони Самарқанд (Ӯзбекистон), ки солҳои 1647—59 сохта шудааст. Намои асосии Мадрасаи тиллокорӣ, ки дар тарафи ҷануби Регистон аст, бо пештоқи равоқтоқдор, гулдаста до ва пешайвонҳои равоқбандии дуқабатааш мадрасаҳои анъанавии Бухороро ба хотир меоварад. Дар қафои намои асосӣ ҳуҷраҳои дуошьёна ва дар қаноти ғарбии …

Муфассал »

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН, ёдгории меъмории асри 19 дар Хева. Солҳои 1834—39 дар қисми шарқии Ичанқалъа бино ёфтааст. Мадрасаи анъанавист: аз дарсхонаву масҷид ва силсилаи ҳуҷраҳо (дар гирдогирди ҳавлӣ) иборат аст. Азбаски дар Мадрасаи Оллоҳқулихон. Хева. Асри 19. ҷои баланд бунёд гардидааст, аз дигар биноҳои ҳамсоя боҳашамтар менамояд. Намои асосии Мадрасаи Оллоҳқулихон …

Муфассал »