Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ ТУРСУНҶОН

МАДРАСАИ ТУРСУНҶОН

МАДРАСАИ ТУРСУНҶОН, ёдгории меъмории асри 19 дар Бухоро. Соли 1896— 97 сохта шуда, дар маҳаллаи Бозори Нав, дар сари роҳи байни Тоқи телпакфурӯшон ва Регистони Бухоро ҷой дорад. Мадрасаи Турсунҷон дуошьёна буда, атрофи ҳавлии онро ҳуҷраҳо иҳота кардаанд. Аз мадрасаҳои пешина фарқаш ҳамин аст, ки дар ин ёдгорӣ дарсхона ва масҷид ба толорҳои алоҳида ҷудо карда нашудааст.

Медресе Мулло Турсунжон

Намои асосӣ шаклан анъанавӣ буда, аз пештоқи муҳташами ду тарафаш бурҷдор иборат аст. Ин бурчҳо бо гунбазчаҳо пӯшида, саросар кошикорӣ шудаанд ва ин ягона ороишоти Мадрасаи Турсунҷон мебошад. Дар ду тарафи пештоқ айвонҳои дуқабата ва дар ду гӯшаи он гулдастаҳо ҳастанд. Мадрасаи Турсунҷон намунаи таназзули мактаби меъмории асри 19 Бухорост. Бдғорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …