Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Аббос Мирзо

Аббос  Мирзо Ноибуссалтана ибни Фатҳалишоҳи Қоҷор (26. 8.1789 -25.10.1833), арбоби давлатии Эрон, писари Фатҳалишоҳи Қоҷор. Ҳанӯз дар давраи ҳукмронии падар фармонфармои Озарбойҷони Эрон буд ва усулан идораи тамоми Эронро дар ихтиёр дошт. Бо мадади коршиносони англису франсуз ба усули европоӣ дар қушунҳои Эрон ислоҳот ворид намуд; дар Табрез истеҳсоли силоҳ …

Муфассал »

Аббос Баҳодур

Аббос  Баҳодур (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1388), яке аз сипоҳсолорони машҳури амир Темур. Аббос  Баҳодур аз қабилаи қипчоқ буд ва ҳамин насабро ҳам дошт. Азбаски ӯ ба тумон (сипоҳе, ки аз даҳ ҳазор нафар иборат аст) фармондеҳӣ мекард, лақаби «Баҳодур» гирифта буд. Аббос Баҳодур дар ҷангҳои зидди хонҳои Муғулистон …

Муфассал »

Аббе Эрнст Карл

abbe-ernst-karl

Аббе Эрнст Карл (23. 1. 1840, Ай­зенах – 14. I. 1905, Йена, Германия), физик ва астрономи немис, ихтироъкори дилатометри интерференсионӣ ва рефрактометр. Аббе дар Донишгоҳи Йена ба сифати дотсент (аз 1863) ва профессори (аз 1870) фаъолият намуда, дар корҳои илмӣ-амалии корхонаҳои оптикии Карл Сейс иштирок мекард. Соли 1872 назарияи пайдоиши …

Муфассал »

Аббат

abbat

Аббат (лотинӣ аbbas, юн. аbba, оромӣ аbo— падар), дар калисои католикӣ роҳбалад ва пири дайр, қисман соҳибваколати роҳибони насронӣ, падари рӯҳонӣ, устод ва пешвои диндорон дар ҷамъияти роҳибон. Салоҳияти Аббат аз рӯи низомномаву қавоиди дайрӣ, ки муаллифону мураттибонаш Василий Великий (асри 4) ва Бенедикт Нурсийский (охири асри 5 ва аввали …

Муфассал »

Аббаняно Никола

abbanyno-nikola

Аббаняно (Аbbaqnano) Никола (15.7.1901 -9.9.1990), файласуфи иде­алист – экзистенсиалисти италиявӣ. Фалсафаро дар Донишгоҳи Неапол омӯхта дар донишгоҳҳои Салерно, (1923), Неапол (1926 – 1935) ва Турин (1945 -1976) устод буд. Ӯ асосан намояндаи равияи экзистенсионализм дар фалсафа будааст. Ин равия як намуди идеализми субъективӣ буда, муддаист, ки мавриди таҳқиқи фалсафа фақат …

Муфассал »