Маълумоти охирин

Аббос Мирзо

Аббос  Мирзо Ноибуссалтана ибни Фатҳалишоҳи Қоҷор (26. 8.1789 -25.10.1833), арбоби давлатии Эрон, писари Фатҳалишоҳи Қоҷор. Ҳанӯз дар давраи ҳукмронии падар фармонфармои Озарбойҷони Эрон буд ва усулан идораи тамоми Эронро дар ихтиёр дошт. Бо мадади коршиносони англису франсуз ба усули европоӣ дар қушунҳои Эрон ислоҳот ворид намуд; дар Табрез истеҳсоли силоҳ ва муҳимот ба роҳ монда шуд; тарҷумаи адабиёти низомии Ғарб ба форси шурӯъ гардид.

Барои ғалаба бар таассуботи ҳамватанонаш ин шоҳзода либоси низомии европавӣ мепӯшид ва дар тамринҳои ҳаррӯза ширкат ме­кард. Дар давраи ҷангҳои русу форс (1804- 1813 ва 1826-1828) ва турку форс (1821 -1823) Аббос  Мирзо фармондеҳи кулл буд. Аббос  Мирзо марди ислоҳталаб, шуҷоъ, равшанфикр, худхоҳ ва мустабид буд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …