Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Аббосӣ Абдуллатиф

Аббосӣ Абдуллатиф ибни Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ади­би форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Аз ҷумлаи корҳое, ки Аббосӣ ба со­мон расонидааст, мураттаб сохтан ва муқаддима навиштан ба тазкираи Суфии Мозандаронӣ «Бутхона» мебошад. Аббосӣ ба ин асар, ки танҳо аз намунаҳои ашъор иборат буд, шарҳи …

Муфассал »

Аббосиён

abbosiyon

Аббосиён, банӣ Аббос, дуюмин силсилаи хилофати араб (749 – 1258). Аббосиён. аз авлоди амаки Муҳаммад пайғамбар (с) – Аббос ибни Абдулмутталиб (вафоташ 653) буданд. Аббосиён дар натиҷаи низои байни аҳди ташайуъ Умавиён ва муваффақиятҳои дар ин раванд ба дастовардаи шиъаён Умавиёнро сарнагун карда, соҳиби маснади хилофат шуданд. Аббосиён бо паёмбар …

Муфассал »

Аббоси III

abbosi-3

Аббоси Ш (таваллудаш 1732 – 1740), ёздаҳумин ва охирин подшоҳи Сафа­виён. Писари хурдсоли шоҳ Таҳмосби II. Ӯро сипаҳсолори пурқудрат Нодирқулибеки афшор соли 1726 баъди аз салтанат барканор намудани Тахҳмосби II ба тахти салтанат нишонд ва худ то соли 1736 аз номи ӯ ҳукмронӣ кард. Соли 1376 Нодирқулӣ Аббоси Ш-ро низ …

Муфассал »

Аббоси II

abbosi-2

Аббоси II (1633 – 1667, Қум), ҳафтумин подшоҳи Сафавиён. Аббоси II дар синни 10-солагӣ ба тахти сал­танати Эрон нишаст, вале давлатро амалан вазири донишманду коршинос Нақихон Эътимодуддавла идора мекард. Ин вазир кӯшиши ислоҳот кард, вале ба қатл расид. Аббоси II аввалҳо зидди фиску фучур, шаробхӯрӣ ва истеъмоли маводи мухаддир баромад, …

Муфассал »

Аббоси I

abbosi-1

Аббоси I (27. 1. 1571, Ҳирот – 19. 1. 1629, Мозандарон), шоҳи Эрон, аз сулолаи Сафавиён. Солҳои ҳукмрониаш – 1588 – 1629. Аббоси I писа­ри волии Хуросон Муҳаммад Мирзо буда, бо номи Шоҳ Аббоси Кабир низ машҳур буд. Аббос I аввал бо мадади қабоили устоҷлу ва шомилу соли 1581 дар …

Муфассал »