Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Аббревиатура дар мусиқӣ

abbreviatura-dar-musiki

Аббревиатура дар мусиқӣ, мухтасар нишон додани нотаҳо, хатҳои иловагӣ ва ибораю ҷумлаҳои му­сиқӣ дар хати нотавӣ. Аббревиатура ҳангоми якчанд бор такрор ёфтани як шакли усул гузошта мешавад. Аббревиатура бештар ҳамчун муродифи аломатҳои сегно, реприза, фонус, волта ва мелизмҳо (форшлаг, группетто, мордент, морденти хаткашида, морденти дукарата, морденти дукаратаи хаткашида) истифода ме­шавад.

Муфассал »

Аббревиатура

abbreviatura

Аббревиатура (итал. Аbbreviatura-  кӯтоҳ  кардан, ихтисор; аз лотинӣ  Аbbrevio – кӯтоҳ мекунам) дар забоншиносӣ, ниг. Ихтисораҳо.  

Муфассал »

Аббот Чарлз Грили

abbot-charlz-grili

Аббот Чарлз Грили (31. 5. 1872, Уилтон – 17. 12. 1973, Ривердейл, ШМА), астрофизики америкоӣ, мутахассиси физикаи Офтоб ва омӯзишу истифодаи энергияи офтобӣ. Хатмкардаи Донишкадаи технологии Мас­сачусетс (1895). Солҳои 1907 – 1944 директори расадхонаи астрофизикии Смитсонов, 1928 – 44 котиби Дониш­кадаи Смитсонов буд. Дар сохаи радиатсияи Офтоб, физикаи Офтоб ва …

Муфассал »

Аббосӣ

Аббосӣ, аввалин сиккаҳои нуқрагини Сафавиён, ки дар даврони салтанати шоҳ Аббосӣ I дар Эрон зарб зада шуданд. Вазни як Аббосӣ як мисқол ё 7,7г нуқра буд. Дар асри 18 Аббосӣ муҳимтарин воҳиди пулӣ ба ҳисоб мерафт. Сиккаи чорякмисқолии нуқрагинро шоҳӣ меномиданд ва панҷоҳ Аббосӣ як туман ном ва ҳазор динор …

Муфассал »