Маълумоти охирин
Главная / Илм / Аббосӣ

Аббосӣ

Аббосӣ, аввалин сиккаҳои нуқрагини Сафавиён, ки дар даврони салтанати шоҳ Аббосӣ I дар Эрон зарб зада шуданд. Вазни як Аббосӣ як мисқол ё 7,7г нуқра буд. Дар асри 18 Аббосӣ муҳимтарин воҳиди пулӣ ба ҳисоб мерафт. Сиккаи чорякмисқолии нуқрагинро шоҳӣ меномиданд ва панҷоҳ Аббосӣ як туман ном ва ҳазор динор арзиш дошт.

Минбаъд сиккаҳои даврони сафавиён аз тилло, нуқра ва мис зарб зада мешуданд. Аббосии аз тилло зарбшуда «шоҳаншоҳӣ» ё «ашрофи» ном дошт ва он бо фармони ҳар шоҳи нав ба тахтнишаста дар ҷашни Наврӯз зарб зада мешуд. Аббосии нуқрагӣ дар сартосари давлатдории Сафавиён дар гардиш буд. Дар навоҳии Балх ва Мовароуннаҳр беш­тар сиккаҳои ниммисқолӣ, чорякмисқолӣ маъмул буданд. Баъзе сик­каҳои Сафавиён пас аз сукути ин давлатдорӣ дар Эрон ҳанӯз ҳам дар гардиш буданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …