Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуласанов Абдулназар

Абдуласанов Абдулназар Абдуназарович (таваллдуаш 21. 10. 1944, шаҳри Хоруғи ВМКБ), ходими ҳарбии тоҷик, генерал-майор (1997). Хатмкардаи курсҳои яксолаи омӯзишгоҳҳои олии умумиқушунии фармондеҳии шаҳрҳои Боку (1967) ва Тошкант (1968), Академияи ҳарбии ба номи М. А. Фрунзеи шаҳри Москва (1986). Солҳои 1967 -19 90 дар ҷузъу томҳои гуногуни Округи ҳарбии Туркистон ба …

Муфассал »

Абдуламонов Қозимамад

Абдуламонов Қозимамад (таваллудаш 13. 11. 1948, деҳаи Барочи ноҳияи Роштқалъа), агроном, доктори илмҳои кишоварзӣ (2003), профессор (2005). Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1971). Фаъолияти меҳнатиаш дар Институти биологии Помири АИ НТ оғоз ёфта, ба ҳайси лаборанти калон, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лабораторияи генетикаю селексияи растаниҳо кор карда­аст. Аз …

Муфассал »

Абдулазизхон

Абдулазизхон (таваллуд ва вафоташ номаълум), хони Бухоро аз сулолаи Шайбониён(1540 – 1549). Баъди вафоти Абдуллоҳхони I худро хони Бухоро эълон карда, аз итоат ба ҳокимияти марказии Мовароуннаҳр сар пе­ҷид ва боиси дар Мовароуннаҳр ба вуҷуд омадани дуҳокимиятӣ гардид (ниг. Абдуллатифхон). Бо мақсади ба худ ҷалб кардани таваҷҷӯҳи Омма ва мустаҳкам …

Муфассал »

Абдулазизхон

Абдулазизхон, (соли таваллудаш ва вафаташ номаълум), хони Бухоро, писари Нодирмуҳаммад, аз сулолаи Аштархониён. Соли 1645 бекҳову феодалони аз сиёсати Нодирмуҳаммад норозӣ Абдулазизхонро хони Бухоро эълон карданд. Нодирмуҳаммад аз Шоҳиҷаҳон ёрӣ талабид. Шоҳиҷаҳон аз ин пешниҳод истифода бурда ба Балх лашкар кашид. Соли 1647 Абдулазизхон ба муқобили Шоҳиҷаҳон бархост ва аҷнабиёнро …

Муфассал »

Абдулазизи Наққош

Абдулазизи  Наққош (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттот ва мусаввири форсу тоҷик (асри 16). Аслан аз Кошон будааст. Дар китобхонахои Исмоили Сафавй ва Шох Тахмосб ; кор кардааст. Шогирди Беҳзод. Абдулазизи  Наққош дар эҷодиёти худ сабки Беҳзодро , идома дода, бештар чун мусаввири манзараҳои табиат ва лаҳзаҳои разму муҳориба шӯҳрат …

Муфассал »