Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулвосиев Абдулло

Абдулвосиев Абдулло (1922, деҳаи Қӯзибегии ноҳияи Орҷоникидзеобод – 19. 5. 1968, ҳамон ҷо). Қаҳ­рамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педа­гогии шаҳри Орҷоникидзеобод. Иштирокчии Ҷанги Бу зурги Ватанӣ (1941 – 1945). Нозири комитета Ҳизби Коммунистӣ (1946 -1954), раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳия (1955 – 1961), директори идораи қабули ғалла (1961 …

Муфассал »

Абдулвосеъ

Абдулвосеъ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар вилояти Нури Хуросон ба дунё омада, дар ҳамин ҷо таҳсил ва касби камол кардааст. Дар тазкираҳои «Маҷолис-ун-нафоис», «Музаккир- ул-аҳбоб» Абдулвосеъ чун шоири хушбаёну тозафикр ва фозилу донишманд тавсиф шудааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. …

Муфассал »

Абдулвосеи Ҷабалӣ

Абдулвосеи Ҷабалӣ Бадеъуззамон ибии Абдуҷомеъ ибни Умрон ибни Рабеи Гарҷистонӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1160), шоири форс- тоҷик. Дар шаҳри Ҳирот таҳсил намуда ба камол расид. Илмҳои расмии давраш, махсусан улуми адабиро хеле хуб омӯхт ва дар шоирӣ мумтоз шуд. Дар дарбори Ғазнавиён ва Салчуқиён – Баҳромшоҳ ибни Масъуди …

Муфассал »

Абдулваҳҳобхоҷа

Абдулваҳҳобхоҷа  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Бухоро. Дар 80-солагӣ дар қарияи Асфардони вилояти Нисо фавтидааст. Бо тахаллуси Ориф низ шеър мегуфт. Аз авлоди тазкиранигори асри 16 Хоҷа Ҳасани Нисорӣ (муаллифи тазкираи «Музаккир-ул-ахбоб») будааст. Бино ба маълумоти ин тазкира Абдулваҳҳобхоҷа дар назди падараш илм омӯхта, аз …

Муфассал »

Абдуваҳҳоби Машҳадӣ

Абдуваҳҳоби Машҳадӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти фор­су тоҷик (асри 16). Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Абдулваҳҳоби Машҳадӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Қариб тамоми умраш дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад гузаштааст. Тибқи ахборе, Абдуваҳҳоби Машҳадӣ хоҳарзодаи устод Султоналии Машҳадӣ буда, нозукиҳои ҳунари хаттотиро аз ӯ омӯхтааст. Бино ба маълумоти …

Муфассал »