Абдулвосиев Абдулло (1922, деҳаи Қӯзибегии ноҳияи Орҷоникидзеобод – 19. 5. 1968, ҳамон ҷо). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Орҷоникидзеобод. Иштирокчии Ҷанги Бу зурги Ватанӣ (1941 – 1945).
Нозири комитета Ҳизби Коммунистӣ (1946 -1954), раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳия (1955 – 1961), директори идораи қабули ғалла (1961 – 1965), мудири шӯъбаи раёсати «Тоҷикплодоовош»-и назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикитон (1965 – 1968) буд. Вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 6). Бо ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.