Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулин Зоҳид Муҳабулович

Абдулин Зоҳид Муҳабулович (1906, деҳаи Таткулмаюри ноҳияи Чердаклини вилояти Уляновски Россия – вафоташ маълум нест), арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1924 – 1926 дар мактаби ҳизби коммунистии шаҳри Самара таълим гирифта, солҳои 1926 – 1930 муаллим, 1930 – 1933 мудири шӯъбаи Комитети ҳизбии шаҳри Тошҳавзи Туркманистон …

Муфассал »

Абдулғозихоҷаи Истаравшани

Абдулғозихоҷаи Истаравшани ибни Тӯрахӯҷа машҳур ба Мавлавӣ Ҳусайни Истаравшанӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнависи тоҷик (нимаи аввали асри 19). Асарҳои бисёрро китобат намудааст. Дар ки­тобат ва рӯйбардор намудани «Чор девон»-и Алишер Навоӣ (охири солҳои 40 асри 19) иштирок дошт. Соли 1848 «Хамса»-и Навоиро бо хати басе зебою хоно китобат …

Муфассал »

Абдулғаффорхон

Абдулғаффорхон (1881, Ҳиндустон – 1988), яке аз пешвоёни ҳаракати паштунҳо. Барои озодии ҳуқуқҳои миллати паштун мубориза бурдааст. Аз соли 1919 роҳбари ташкилоти миллатгарои «Анҷумани ислоҳи афғонӣ» ва пешвои партияи «Ҷирғаи паштун». Яке аз асосгузорони «Ҳизби халқии миллии Покистон».

Муфассал »

Абдулғаффор Маҳдуми Бул-Бул

Абдулғаффор Маҳдуми Бул-Бул мутахаллис ба Фавҷӣ (1879, Хуҷанд – 1979, ҳамон ҷо), хаттот ва шоири тоҷик. Аз шогирдони Абдуллатифи Ҳисорӣ буда, дастнвис ва қитъаҳои ба қалами ӯ тааллуқдоштаро гирдоварӣ намудааст. Ашъори чанде аз шоирони хуҷандиро ҷамъ оварда, онҳоро бо хати зебо китобат кардааст. Аз ҷумла намунаи ашъори худашро бо хати …

Муфассал »

Абдулғафури Лорӣ

Абдулғафури Лорӣ Бадеуддин (дар баъзе сарчашмаҳо Разиуддин омадааст; тақрибан солҳои 40 асри 15 – 1506, Ҳирот), донишманд, ориф ва фақеҳи форс-тоҷик. Дар сарчашмаҳои таърихию динӣ ва адабӣ чун шахси таҳсилдида, огоҳ аз улуми мутадовилаи замонаш тавсиф шудааст. Рутбаи Мавлоно гирифтани Абдулғафури Лорӣ гувоҳи он аст, ки ӯ ба дараҷаи баланди …

Муфассал »