Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулкарими Гелонӣ

Абдулкарими  Гелонӣ ибни Иброҳим, маъруф ба Ҷилӣ (Бағдод, 1365 – 1428, ҳамон ҷо), яке аз намояндагони машҳури тасаввуф. Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ ба ҷуз чанд ишорае дар осораш ва нашри муқаддимаи асараш «Инсони комил» чизи дигаре маълум нест. Мувофиқи маълумоти тасвиршуда дар онҳо Абдулкарими  Гелонӣ муриди су­фии бузурги …

Муфассал »

Абдулкарими Бухороӣ

Абдулкарими Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум, Бухоро – вафоташ 1830, И стамбул) таърихдон, географ, сайёҳи тоҷик. Амир Ҳайдар Абдулкарими  Бухороиро соли 1804 дар ҳайати намояндагону сафирон ба Россия фиристод. Ӯ дар шаҳрҳои Петербург, Москва ва Астрахан будааст. Соли 1807 чун саркотиб ба шаҳри Истам­були Туркия фиристода шуд. Дар Истамбул оиладор шуда, …

Муфассал »

Абдулкарим – ҳокими Ҳисор

Абдулкарим (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), ҳокими Ҳисор (тахминан солҳои 1840 – 1860). Фарзанди Саидбийи Атолиқ. Абдулкарим бо амири Бухоро иртиботи нисбатан хубе доштааст. Соли 1850 беки Балҷувону Кӯлоб Мизробшоҳ бо шоҳи Дарвоз ба Ҳисор ҳамла кар­да Душанберо оташ заданд. Амири Бухоро Музаффар (1860 – 1885) борҳо ба сӯи Ҳисор …

Муфассал »

Абдулкарим

Абдулкарим (соли таваллуду вафоташ но­маълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (охири асри 19 – аввали асри 20). Зодгоҳаш Бухоро. Абдулкарим аз хаттотони мумтози давраш ба ҳисоб рафта, ба хати Имоди Қазвинӣ пайравӣ ва тақлид кардааст. Аз на­мунаҳои хати Абдулкарим бисёр қитаоти ҷудогона ва асарҳои китобатшуда боқӣ мондаанд. «Девони ғазалиёт»-и Ҳасанмуроди Одил …

Муфассал »

Абдулкарим

Абдулкарим (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар тазкираҳои асри 16 ин шоир чун шахси асилзода, шоири хуштабъ, дорои суханони марғуб ва ашъори дуррбор ёд гардидааст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-ахбоб» Абдулкаримро яке аз шогирдони худ донистааст. Абдулкарим шеърҳои худро аз назари Нисорӣ ва чанде аз …

Муфассал »