Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулкарим

Абдулкарим

Абдулкарим (соли таваллуду вафоташ но­маълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (охири асри 19 – аввали асри 20). Зодгоҳаш Бухоро. Абдулкарим аз хаттотони мумтози давраш ба ҳисоб рафта, ба хати Имоди Қазвинӣ пайравӣ ва тақлид кардааст. Аз на­мунаҳои хати Абдулкарим бисёр қитаоти ҷудогона ва асарҳои китобатшуда боқӣ мондаанд.

«Девони ғазалиёт»-и Ҳасанмуроди Одил (1909), «Таърихи Муллозода»-и Аҳмад ибни Маҳмуди Муллозода ва «Таърихи Наршахӣ»-и (1912) Муҳаммад ибни Наршахӣ аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳои китобати Абдулкарим буда, бо хати настаълиқи хоно ва зебо китобат шудаанд. Ҳар сеи ин китобҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон маҳфузанд.

Инчунин кобед

sadi

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. …