Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулқаюм ибни Худойберган

Абдулқаюм ибни Худойберган (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнавис ва хаттоти тоҷик (нимаи дуюми асри 19). Зодгоҳаш Қӯқанд. Бештар китобҳои дарсиро рӯйнавис мекардааст. «Шарҳи Ҳошияи Қутбӣ» ва «Шамсия»-и Қутбуддини Розӣ аз осо­ри китобати Абдулқаюм мебошад, ки соли 1893 дар Тошканд ба табъ расидаанд.

Муфассал »

Абдулқаҳҳори Самарқандӣ

Абдулқаҳҳори Самарқандӣ Исҳоқ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1493), арӯздон ва шоири форс-тоҷик. Абдулқаҳҳори Самарқандӣ аз мардони фозили асраш буда, доир ба илми қофия ва арӯз рисолаи «Арӯзи Ҳумоюн»-ро таълиф карда­аст. Ҳарчанд ин рисола дар тақлиди «Ал-Мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Тӯсӣ таълиф шудааст, мисолҳои овардаи ӯ аз …

Муфассал »

Абдулқаҳҳор

Абдулқаҳҳор ибни Устоди Қӯқандии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттот ва хушнависи то­ҷик (нимаи аввли асри 19). Абдулқаҳҳор қитъа ва асарҳои ҷудогонаро бо анвои хат китобат кардааст. Аз осори хаттотиаш танҳо «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Али­шер Навоӣ, ки соли 1809 бо хати хеле зебову хоно китобат шудааст, то мо расидааст. Асари мазкур …

Муфассал »

Абдулқайсов Шералӣ

Абдулқайсов Шералӣ (таваллудаш 15. 4. 1951, деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон), актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2007). Хатмкардаи факултети санъа­ти Институти давлатии педагогии Душан­бе (1973). Аз соли 1973 актёри Театри давлатии ака­демии драмаи то­ҷик ба номи А. Лоҳутӣ. Дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик зиёда аз 100 рол …

Муфассал »

Абдулкарими Xоразмӣ

Абдулкарими Xоразмӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тахминан байни 1482 – 1487, Шероз), хаттот ва шоири тоҷик (асри 15). Зодгоҳаш Шероз. Азбаски аҷдодаш аз Хоразм будаанд, тахаллусаш «Хоразмӣ»-ро ихтиёр кардааст. Тибқи иттилооте ҳаёти Абдулкарими Xоразмӣ асосан дар Шероз гузаштааст. Аммо барҳе бар ин ақидаанд, ки Абдулкарими Xоразмӣ замони ҳукумати Султон …

Муфассал »