Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулқодирхони Хаттак

Абдулқодирхони Хаттак (1651 – 1704), шоири афғон. Ба забони пушту менавишт. Аз осори Абдулқодирхони Xаттак «Девони ашъор» (3500 байт; Қандаҳор, 1938), «Ҳадиқаи Хаттак», «Насиҳатнома» маъруфанд. Мавзӯи осораш ишқи ирфонӣ, тавсифи ахлоқи ҳамида, ҷавонмардиву далерӣ, мазаммати зулму зуроварӣ мебошад. «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомиро ба забони пушту тарҷума кардааст. …

Муфассал »

Абдулқодири Чалдивор

Абдулқодири Чалдивор (миёнаҳои асри 19, Самарқанд – 1910), меъмор, хишткор, дуредгар ва санг-тароши тоҷик. Дар сохтмони девори Масҷиди Қозикалон, Ҳавзи баланд, масҷиди Хоҷа Нисбатдор, баъзе иморатҳои маҷмааи Макбараи Хоҷа Абдуи Дарун ва макбараи Хоҷа Дониёр роҳбарӣ кардааст.

Муфассал »

Абдулқодири Ҳофиз

Абдулқодири Ҳофиз машҳур ба Қодирӣ (1858, Истаравшан – 1943, ҳамон ҷо), сароянда, оҳангсоз, мусиқидон, намояндаи машҳури ҳавзаи Истаравшан. Аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ворид шуда, маҳорати сарояндагию навозандагиашро дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд такмил дод. Асосгузори сулолаи мутрибони ҳирфаии Қодириён. Абдулқодир дар навохтану сурудани шохаҳои созию овозии «Шашмақом» («мушкилот», …

Муфассал »

Абдулқодири Суҳравардӣ

Абдулқодири Суҳравардӣ Абунаҷиб ибни Абдуллоҳ (1097, Суҳраварди Эрон – 1167, Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, муассиси тариқати суҳравардия. Дар ҷавонӣ ба Бағдод омада, улуми расмиро омӯхт. Чанд муддат мутаваллии мадрасаи Низомияи Бағдод буд. Муддате гадоию сақоӣ низ кард. Пас аз ба суфигӣ ном баровардан ба воизӣ машғул шуд ва дар ин соҳа …

Муфассал »

Абдулқодири Муҳандиси Самарқандӣ

Абдулқодири Муҳандиси Самарқандӣ (1888 – 1934, Самар­қанд), меъмор ва кошикори тоҷик. Дар тармими мадрасаи Улуғбек чун меъмор ва кошикор ҳиссаи арзанда гузоштааст. Абдулқодир ёдгориҳои меъмории Масҷиди Хизр, Мадрасаи нав, муаззинхонаи Кӯшҳавз (Самарқанд) ва ғайраро қошикорӣ кардааст. Дар аввали солҳои 30 асри 20 бо роҳбарии профессор В. Л. Вяткин харобаҳои кошикории …

Муфассал »