Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулқодирхони Хаттак

Абдулқодирхони Хаттак

Абдулқодирхони Хаттак (1651 – 1704), шоири афғон. Ба забони пушту менавишт. Аз осори Абдулқодирхони Xаттак «Девони ашъор» (3500 байт; Қандаҳор, 1938), «Ҳадиқаи Хаттак», «Насиҳатнома» маъруфанд.

Мавзӯи осораш ишқи ирфонӣ, тавсифи ахлоқи ҳамида, ҷавонмардиву далерӣ, мазаммати зулму зуроварӣ мебошад. «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомиро ба забони пушту тарҷума кардааст. Қиссаи ишқии ҳиндуиасл – «Одамхон ва Дурхонӣ»-ро ба назм даровардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …