Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллоев Зафар

Абдуллоев Зафар (18. 5. 1925, Ёва, уезди Хуҷанд – 1998, Хуҷанд), яке аз барқароркунандагони сохти советӣ дар Тоҷикистон. Агрономи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Мактаби ҳизбии назди КМ ПК Тоҷикистонро (1960) хатм кардааст. Соли 1938 ҳамроҳи падараш ба водии Вахш кӯчид. Соли 1943 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, ҳамчун аскари қаторӣ дар …

Муфассал »

Абдуллоев Давлатбек

Абдуллоев Давлатбек (1918, деҳаи Новдонаки Рашт – 2008, ноҳияи Вахш), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Колхозчии колхози «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Октябр (1935 – 1942). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942-1945), сардори зве­но ва бригадаи пахтакории колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Октябр (1946-1950). Хатмкардаи (ғоибона) факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1970). Звенои Абдуллоев …

Муфассал »

Абдуллоев Ғаффор

Абдуллоев Ғаффор (таваллудаш 1927, деҳаи Деҳқабули ноҳияи Кӯлоб – 1995, ноҳияи Восеъ), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1973). Хатм­кардаи мактаби механизатории хонагии қишлоқ (1943). То соли 1949 тракторчӣ, баъд мудири агроқитъа ва аз соли 1963 сардори бригадаи комплексии механизатсиякардашудаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ буд. Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. …

Муфассал »

Абдуллоев Воҳид

Абдуллоев Воҳид Абдуллоевич (15. 5. 1912, Самарқанд – 30. 7. 1985), адабиётшинос, акад. АИ Ӯзбекистон (1966). Институти педагогии Фарғонаро хатм кардааст (1932). Солҳои 1935-1943 дар институтҳои педагогии Бухоро ва Самарқанд, солҳои 1944 – 1969 дар Университи давлатии ба номи Навоии шаҳри Самарқанд мудири кафедраи ада­биёти ӯзбек буд. Аз соли 1963 …

Муфассал »

Абдуллоев Аҳмадулло

Абдуллоев Аҳмадулло (1910, деҳаи Каттатоники вилояти Андинони Ӯзбекистон – 13. 9. 1966, Душанбе), сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1947). Санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарманди номии Андиҷон Қорӣ Камол омӯхтааст. Соли 1930 ба Тоҷикистон кӯчида омад ва то соли 1937 дар собиқ ноҳияи Куйбишев колхозчӣ шуда кор кард. Соли …

Муфассал »