Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдуллоев Давлатбек

Абдуллоев Давлатбек

Абдуллоев Давлатбек (1918, деҳаи Новдонаки Рашт – 2008, ноҳияи Вахш), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Колхозчии колхози «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Октябр (1935 – 1942). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942-1945), сардори зве­но ва бригадаи пахтакории колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Октябр (1946-1950).

Хатмкардаи (ғоибона) факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1970). Звенои Абдуллоев солҳои 1947 – 1948 ҳосили фаровони пахтаи маҳиннах гирифтааст. Бо орденҳои Ленин, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), «Ситораи Сурх», Шараф (дараҷаи II) ва медалҳои тиллову нуқраи НКХХ СССР сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …