Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллозода Файзулло

Абдуллозода Файзулло (1909, Хуҷанд – 1966, ҳамон ҷо) педагог, Муаллими хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон (1958). Дар мактаби кӯҳна ва мактабҳои шӯравӣ савод омӯхта, аз соли 1927 ба кори омӯзгорӣ шурӯъ кардааст. Хатмкардаи Ин­ститути олии педагогӣ-аграрии Тошканд (1932) ва курси назариявии аспиран­тураӣ Институти забони АИ СССР (1949). Аз рӯзи таъсиси Институти …

Муфассал »

Абдуллозода Разиюлло

Абдуллозода Разиюлло (13. 3. 1912, Истаравшан -19. 2. 1995, ҳамон ҷо), адиб, омӯзгори тоҷик. Тахаллуси адабиаш «Расмӣ». Техникуми иқтисодию саноатии Тошкандро соли 1930 ва Институти давлатии педагогии Душанберо соли 1941 хатм намудааст. Аз соли 1930 то охири умр дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, Омӯзишгоҳи педагогии Истаравшан ва макта­би ба номи Горкийи …

Муфассал »

Абдуллозода Абдуқаҳҳор

Абдуллозода Абдуқаҳҳор (1893, деҳаи Кистакӯзи ноҳияи Хуҷанд – 1975,  ҳамон ҷо), омӯзгор, нахустин Муаллими хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон  (1942). Соли 1914 дар зод­гоҳаш аввалин мактаби русӣ кушода шуд ва Абдуллоева дар он ҷо савод омӯхт. Соли 1921 курси кутоҳмуддати муаллимиро дар шаҳри Тошканд хатм намуда, яке аз тарғиботчиёни намоёни маърифат …

Муфассал »

Абдулоева Сипорат

abdulloeva-siporat

Абдулоева Сипорат (таваллудаш 1932, Панҷакент – 28. 1. 2007, ҳамон ҷо), тамокукор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981). Колхозчии хоҷагии ба номи К. Маркси ноҳияи Панҷакент (1948 – 1963), коргари Иттиҳодияи истеҳсолии корхонаи коркарди тамокуи шаҳри Панҷакент (1963 – 1989). Аз соли 1990 нафақагир буд. Дар тамокукорӣ ба муваффақиятҳо ноил шудааст. Бо …

Муфассал »

Абдуллоева Сайрамбибӣ

Абдуллоева Сайрамбибӣ (1911, деҳаи Ҳисораки собиқ ноҳияи Ҳоити вилояти Ғарм -16. 5. 1929, ҳамон ҷо), яке аз аввалин муаллимаҳо аз вилояти Ғарм. Аз оилаи деҳқони камбағал. Баъди хатми курси муаллимии ноҳияи Ғарм (1928, ҳозира ноҳияи Рашт) дар зодгоҳаш муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шуд. Ғайр аз муаллимӣ ҳамроҳи ҳамкасбонаш Гадоева Оламбибӣ ва …

Муфассал »