Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллоҳ ибни Муҳаммад

Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Узайр (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан  997), вазири дарбори Сомониён дар аҳди амир Нӯҳ ибни Мансур. Пи­сари Абумансур Муҳаммада Узайр, ки аз ҷумлаи вузарои амирони сомонӣ буд. Абдуллоҳ ибни Муҳаммад дар натиҷаи зиддиятҳои дохилидарборӣ аз вазифа сабукдуш гарди да, ба Хоразм бадарга шуд. Ба ҷойи …

Муфассал »

Абдуллоҳ ибни Мубирак

Абдуллоҳ  ибни Мубирак  номи пуррааш  Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Муборак ал- Ханзалий ал-Марвазӣ (736-797), олими энсиклопедист, суфии машҳур, муҳаддис. Абдуллоҳ  ибни Мубирак  ба бисёр мамлакатҳо сафар кардааст. Дар Марв барои муҳаддисон ва фақеҳон якчанд работ сохта буд. Доир ба илми тасаввуф, фиқҳ,  ҳадис, таъриху наҳв ва тафсир асарҳо эҷод намудааст. Дар …

Муфассал »

Абдуллоҳ ибни Масъуд

Абдуллоҳ ибни Масъуд ибни Ғофил ибни Ҳабиби Ҳузалӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 652), яке аз саҳобаҳои наздики Муҳаммад (с). Куняаш Абуабдурраҳмон, Ибни Умми Абд ва Ибни Масъуд. Шашумин нафарест, ки дини исломро пазируфт ва аз ин рӯ ӯро Содиси Ситта (Шашуми шаш нафара) мегуфтанд. Мувофиқи ривоёт ӯ дар асари …

Муфассал »

Абдуллоҳ ибни Қодир

Абдуллоҳ ибни Қодир Абуҷаъфар (1031 – 1075), халифаи аббосӣ, мулаққаб ба Қоим. Хилофати Бағдод дар замони бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ба дасти Абдуллоҳ гузашт. Аз рӯзҳои аввали хилофаташ ӯ ҷиҳоди зидди шиъаро сарварӣ намуд. Солҳои 1033 – 1036 хуруҷи айёрони Буяро дар Бағдод барҳам дод.  Нуфузи Оли Буяро дар Бағдод …

Муфассал »

Абдуллоҳ ибни Иброҳим

Абдуллоҳ ибни Иброҳим (1443, Ҳирот – 1451, Самарқанд), султони Самарқанд (1450 – 1451) баъд аз қатли Абдуллатиф. Абдуллоҳ Ибдоҳи набераи Шоҳрух буд ва баъди марги бобояш Форс дар ихтаёри ӯ шуд, лекин дар натаҷаи ҳуҷуми сипоҳиёни Султон Муҳаммад он ҷоро тарк кард. Пас аз қатли Улуғбек, азбаски Абдуллоҳ Ибдоҳим яке …

Муфассал »