Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдурраҳими Пешкӯҳӣ

Абдурраҳимиш Пешкӯҳӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Пешкӯҳ. Хаттоти моҳир ва устоди беҳамтои хати настаълиқ будааст. Қитъаҳои зиёдеро китобат намуда­аст, ки намунаҳояш дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумхурии Ӯзбекистон маҳфузанд. Табъи баланди шоирӣ низ доштааст.

Муфассал »

Абдурраҳими Низорӣ

Абдурраҳими Низорӣ (1770, Қошғар – 1848, Турфон), шоир ва хаттоти уйғур. Дар дарбори ҳокими Қошгар Зуҳуриддинбек котибӣ кардааст. Барои мактабу мадрасаҳои уйғурӣ дар асоси асарҳои Ҳофиз ва Навоӣ дастурҳои таълимӣ тартиб додааст: «Хоҷа Ҳофиз», «Навоӣ» (1805). Дар адабиёти уйғур нахустин бор 9 достони машҳури адабиёти классикии форс-тоҷик («Фарҳод ва Ши­рин», …

Муфассал »

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ Шоҳ Абдурраҳим ибни Сайид Мирзо Му- ҳаммади Кӯлобӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1870), шоири тоҷик. Бо тахаллусҳои Раҳим, Раҳимӣ, Абдурраҳим ва Абдурраҳимӣ эҷод кардааст. Таҳсили улуми мутадовилаи даврашро дар зодгоҳаш – Кӯлоб оғоз карда, сипас барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Аз баъзе шеърҳои Абдурраҳими Кӯлобӣ бармеояд, …

Муфассал »

Абдурраҳими Биҳорӣ

Абдурраҳими Биҳорӣ Абдурраҳим ибни Аҳмади Сури Биҳорӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар музофоти Биҳор умр ба cap бурдааст. Ӯ ба во­ситаи фарҳанги худ «Кашф-ул-луғот ва-л-мусталиҳот» (таълифаш тақрибан 1608), ки баъзан дар маъхазҳо бо унвони «Фарҳанги шайх Абдурраҳими Биҳорӣ» низ ёд шудааст, маъруф гардадааст. Аз маълумоти дар …

Муфассал »

Абдурразоқи Самарқандӣ

Абдурразоқи Самарқандӣ Камолиддин Абдурраззоқ ибни Ҷалолиддин Исҳоқи Самаркандӣ (8. 11. 1413, Ҳирот – 1482, ҳамон ҷо), нависандаю таърихнигор ва шоири форс- тоҷик. Падари ӯ зодаи Самарқанд буда, дар қароргоҳи Шоҳрух (ҳукмронии 1404 – 47) вазифаи қозигӣ ва имомиро адо мекард. Давраи ҷавонӣ ва донишомӯзии Абдурразоқи Самарқандӣ, асосан, дар Ҳирот гузаштааст. …

Муфассал »