Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕЛИТРАҲО

СЕЛИТРАҲО, нитратҳои металлҳои ишқорӣ, ишқорзамин ва аммоний. Истилоҳи «селитра» аз калимаи лотинии ,salnitri (лотинӣ sal — намак ва nitrum— ишқор, содаи табиӣ, баъзан поташ) сохта шудааст. Дар табиат Селитраҳо дар натиҷаи гандидани боқимондаҳои гуногуни органикӣ бо таъсири нитроандӯазҳо ҳосил мешаванд (нигаред Нитратҳои табиӣ). Селитраҳо бештар ҳамчун нурҳои нитрогендор истифода мешаванд.

Муфассал »

СЕЛИН

СЕЛИН (Аristidа), ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Селин гиёҳи серпоя буда, дар бехаш чим дорад. Баргаш борик, гулаш дуҷинса, донааш зардтоб. Дар Осиёи Миёна 5 намуди Селин месабзад. 4 намудаш дар регзорҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҷанубӣ мерӯяд. А. adscensionius гиёҳи яксолаест, ки то 60 см қад мекашад, …

Муфассал »

СЕЛЕНИТ

СЕЛЕНИТ, минерал; гипси тор – тори асбестмонанд. Селенит одатан дар тарқиши ҷинсҳои кӯҳӣ пайдо шуда, онро пур мекунад. Торҳои зич ва кристаллии Селенит, ки 10—15 см дарозӣ доранд, дар байни ҳарду девораи тарқиш кундаланг ҷой мегиранд. Ранги Селенит вобаста ба омехтаҳои таркибаш сафед, сафеди кабудтоб, зардча ва гулобиранг мешавад; дар …

Муфассал »

СЕЛЕНИДҲО

СЕЛЕНИДҲО, пайвастҳои химиявии селен бо металлҳо. Селенидҳо мушобеҳи сулфидҳо ва теллуридҳо мебошанд. Онҳоро бо роҳи таъсири бевоситаи металлҳо ва оксиди онҳо, инчунин таъсири маҳлули намакҳо бо H2 Se ҳосил мекунанд. Селенидҳои элементҳои мутавассити гурӯҳҳои IV—VIII лантаноидҳо ва актиноидҳо душворгудоз (t гудозиш 2000—2500°С) ва аз ҷиҳати химиявӣ устуворанд. Селендҳои металлҳои гурӯҳчаи …

Муфассал »

СЕЛЕКСИЯ

СЕЛЕКСИЯ (лотинӣ selectio— интихоб, сара кардан, аз seligo- интихоб  мекунам), 1) як фасли агрономия ва зоотехнияро гӯянд, ки услубҳаи рӯёнидани хелу навъҳои растанӣ ва ба вуҷуд овардани зоти ҳайвонотро меомӯзад; 2) як соҳаи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқро гӯянд, ки ба рӯёнидани хелу навъҳои зироати хоҷагии қишлоқ ва ба вуҷуд овардани зоти …

Муфассал »