Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕМЁНОВ Николай Николаевич

СЕМЁНОВ Николай Николаевич (таваллудаш 15.0 4. 1896, Саратов), физик ва химики советӣ академики Академияи Фанҳои СССР (1932; аъзо-корреспондент 1929), ходими ҷамъиятӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966, 1976). Аъзои КПСС аз соли 1947. Соли 1917  Университети Петроградро хатм кардааст. Солҳои 1920—1931 корманди Институти физикаю техникаи Ленинград ва дар як вақт …

Муфассал »

СЕМЁНОВ Александр Александрович

СЕМЁНОВ Александр Александрович (12. 10. 1873, губернияи Тамбов —16. 11. 1958, Душанбе), муаррихи советӣ, академики Академияи Фанҳои  Республикаи Советӣ Сотсиалисти Тоҷикистон (1951), аъзо-корреспонденти Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1943),  Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (1946) ва Республикаи Советӣ Сотсиалистии  Ӯзбекистон (1944) , аъзои ҳақиқии Ҷамъияти илмии Бомбай. …

Муфассал »

СЕМИОТИКА

СЕМИОТИКА (юнонӣ semeion— аломат, нишона), илмест, ки маҷмӯи хосиятҳои аломатҳо ва системаи онҳо (асосан забонҳои маснӯъ ва табиӣ)-ро меомӯзад. Семиотика таърихи тӯлонӣ дошта, вобаста ба масъалаҳои мантиқ ташаккул ёфтааст. Баъзе унсурҳои Семиотика дар системаҳои мантиқии Арасту, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Дунс Скотт, Гоббс, Лейбниц, Ҷон Милл буданд. Аммо ҳамҷун соҳаи …

Муфассал »

СЕМИНАР

СЕМИНАР (лотинӣ seminarium — парваришгоҳи растанӣ, маҷозан манбаъ, мактаб), як намуди асосии машғулияти амалист, ки дар он ахборот маъруза ва рефератҳоро ба муҳокимаи ҳонандагон мегузоранд ва ба он муаллимон роҳбарӣ менамоянд. Семинар шакли мустақили машғулияти таълимии тематикӣ низ буда метавонад.

Муфассал »

СЕМИНАРИЯ

СЕМИНАРИЯ (лотинӣ,  мактаб), номи баъзе мактабҳои миёнаи махсус. Мактабҳои миёнаи динии христианӣ ҳам Семинария  ном доранд. Дар Россияи пешазреволютсионӣ ва дигар мамлакатҳо — мактабҳои педагогӣ барои тайёр кардани муаллимони мактаби ибтидоӣ.

Муфассал »