Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕМИОТИКА

СЕМИОТИКА

СЕМИОТИКА (юнонӣ semeion— аломат, нишона), илмест, ки маҷмӯи хосиятҳои аломатҳо ва системаи онҳо (асосан забонҳои маснӯъ ва табиӣ)-ро меомӯзад. Семиотика таърихи тӯлонӣ дошта, вобаста ба масъалаҳои мантиқ ташаккул ёфтааст. Баъзе унсурҳои Семиотика дар системаҳои мантиқии Арасту, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Дунс Скотт, Гоббс, Лейбниц, Ҷон Милл буданд. Аммо ҳамҷун соҳаи мустақили дониши илмӣ дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 пайдо шуд.

Семиотика асосан ба прагматика, синтактика ва семантика тақсим мешавад. Соҳаи Семиотика, ки муносибати аломатҳо ва ифодаҳои забониро ба инсон (субъект) меомӯзад, прагматика ном дошта, воситаҳои асосии аз тарафи инсон истифода бурдани аломатҳои забонӣ ва роҳҳои маълумотдиҳии ифодаҳои забониро тадқиқ мекунад. Муносибати байни системаи аломатҳо, қоидаҳои алоқамандию азнавсозии ифодаҳои забониро синтактика меомӯзад. Семантика муносибати аломату ифодаҳои забониро ба предмети ифодашаванда (объект) тадқиқ мекунад.

Семиотика ҳамчун аломат ҳомили маълумотест дар бораи предмети ифодашаванда. Он дар таҳқиқу таҳлили маълумотҳо (масалан, ба индексҳои алоҳида ҷудо кардани ҳуҷҷатҳо) ва тарҷумаҳои мошинию тартиб додани барномаҳо барои компютерҳо истифода мешавад.

Ҷ. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …