Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕРИСИН

СЕРИСИН (аз лотинӣ sericum — абрешим), ширеши абрешим, сафедаи часпаки абрешими табиист, ки 40% аминокислотаи серин дорад. Торҳои дигари сафедаи абрешим — фиброинро пайваст мекунад. Серисин дар оби гарм ва маҳлулҳои ишқорӣ ҳал мешавад.

Муфассал »

СЕРИН

  СЕРИН, амипнокислотаи моноаминомонокарбонатро гӯянд, ки дар таркиби сафедаҳо ва баъзе липидҳои мураккаб мавҷуд аст. Серин дар ҳуҷайраҳо дар биосинтези глисин, аминокислотаҳои сулфурдор (метионин, систеин), триптофан, инчунин этаноламин, сфинголипидҳо ва ғайра иштирок мекунад. Аз Серин антибиотики сиклосерин ва азасерин тайёр мекунанд.

Муфассал »

СЕРЖАНТ

СЕРЖАНТ (франсавӣ sergent , аз лотинӣ serviens— хизматчӣ), унвони ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ ва дигар мамлакатҳо. Дар Россия аз асри 17 дар полкҳои шакли нав ва армияи рус то соли 1798 рутбаи Сержант вуҷуд дошт. Дар СССР (аз соли 1940) унвонҳои Сержанти хурд, сержант ва Сержанти калон вуҷуд дорад.

Муфассал »

СЕРЕНАДА

СЕРЕНАДА (франсавӣ Serenade, аз италиявӣ Serenata аз sera— шом), 1) сурудҳои ишқӣ дар васфи маъшуқа. Дар заминаи «сирена», «сурудҳои шомӣ»-и трубадурҳои провансалӣ пайдо шудааст. Одатан бо ҳамовозии мандолина, лютня ва гитара иҷро мегардид. Бо мурури замон Серенада ба опера роҳ ёфт («Дон Жуан»-и П. Моцарт, «Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Россини) ва …

Муфассал »