Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Деҳаи СЕШАНБЕ

СЕШАНБЕ, деҳаест дар райони Турсунзодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, маркази Совети қишлоқи Сешанбе. Территорияи совхози «Правда». Аз Сешанбе то маркази район 5 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1060 нафар (1085), тоҷикон, ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ ва боғчаи бачагон дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ сабзавоткорист. Заминҳо аз дарëи Ширкент …

Муфассал »

СЕҲР

СЕҲР (арабӣ— афсун), магия, як навъ расму оини қадимии халқист, сонитар сирату сурати дилӣ гирифтааст. Бино ба эътиқоди одами бостонӣ баъзе касон (соҳирон, афсунгарон) қобилияти фавқуттабиие доранд, ки одамон ва ҳодисаҳои табиатро таҳти нуфузи худ қарор диҳанд. Дар байни халқҳои ҷаҳон шустушӯи маросимӣ, ба бадан молидани равғани муқаддас, овехтани тӯмор …

Муфассал »

СЕЧЕНОВ Иван Михайлович

СЕЧЕНОВ Иван Михайлович (13. 08. 1829, деҳаи Тёплый Стан, ҳозира деҳаи Сеченовои вилояти Горкий—15. 11. 1905, Москва), табиатшиноси материалисти рус, асосгузори мактаби физиология ва равияи илмии табиӣ дар психология, академик фахрии Академияи Фанҳои Петербург (1904; аъзо- корреспондент 1869). Омӯзишгоҳи саринженерии Петербург (1848) ва факултети тиббии Университети Москваро (1856) хатм кардааст. …

Муфассал »

Шаҳри СЕУЛ

СЕУЛ, шаҳри калонтарин, маркази асосии иқтисодӣ ва мадании Кореяи Ҷанубӣ. Аҳолиаш 9,5 млн нафар (11984). Бандари баҳрӣ. Корхонаҳои саноати бофандагӣ, сабук, химия, семент, коғаз, мошинсозӣ дорад. Сеул дар ибтидои асрҳои миёна ҳамчун истеҳкоми ҳарӣн бунъёд ёфтааст. То охири асри 14 шаҳри хурде буд. Солт 1394 пойтахти Корея гардид. Аз соли …

Муфассал »

СЕССИЯИ САЙЁРИ СУД

СЕССИЯИ САЙЁРИ СУД, дар СССР аз тарафи суд дида баромадани кори ҷинояти дар маҳалли содиршавии ҷиноят, истиқомат, кор ё таҳсили судшаванда ё ҷабрдидаро гӯянд. Мақсади гузаронидани Сессияи сайëри суд аз ҷалб намудани диққати аҳли ҷамъият ба мурофиа, пурзӯр намудани таъсири тарбиявии он нисбат ба гражданҳо ба вуҷуд овардани ҳисси бадбинӣ …

Муфассал »