Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕССИЯИ САЙЁРИ СУД

СЕССИЯИ САЙЁРИ СУД

СЕССИЯИ САЙЁРИ СУД, дар СССР аз тарафи суд дида баромадани кори ҷинояти дар маҳалли содиршавии ҷиноят, истиқомат, кор ё таҳсили судшаванда ё ҷабрдидаро гӯянд. Мақсади гузаронидани Сессияи сайëри суд аз ҷалб намудани диққати аҳли ҷамъият ба мурофиа, пурзӯр намудани таъсири тарбиявии он нисбат ба гражданҳо ба вуҷуд овардани ҳисси бадбинӣ ба қонунвайронкунӣ ва огоҳ намудан аз ҳуқуқвайронкунӣ иборат аст. Ҳангоми ҳал намудани масъалаи гузаронидани Сессияи сайëри суд на танҳо характери кирдор, паҳншавии чунин намуди ҷиноят, балки сабаб ва ҳолати содиршавии он, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда ва мавҷудияти вазъи кор, ки муҳокимаи васеи ҷамъиятиро талаб мекунад, ба назар гирифта мешавад. Ташаббуси гузоштани масъаларо оид ба гузаронидани Сессияи сайëри суд на танҳо худи суд, балки прокурор низ дорад. Чунин пешниҳодро ташкилотҳои ҷамъиятии маҳалли истиқоматӣ, кор ё таҳсили судшаванда ё ҷабрдида (дар корҳои ҷиноятӣ), даъвогар ё ҷавобгар (дар корҳои гражданӣ) карда метавонанд. Қарор дар бораи гузаронидани Сессияи сайëри суд дар қарори судяҳо ë таъиноти суд дар бораи ба суд додан (дар корҳои ҷиноятӣ), таъинкунии кор ба мурофиаи судӣ (дар корҳои гражданӣ) муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …