Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИДДИҚ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон

СИДДИҚ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон (1833, Кануҷ, Барейли—20. 2. 1890, Бҳӯпол), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар Бҳӯпол зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба забонҳои форсӣ (45 асар), арабӣ (74 асар) ва урду (103 асар) эҷод намудааст. 197 таълифоти Сиддиқ дар матбаҳои Ҳиндустон, Миср ва Туркия ба табъ расидаанд. Тазкираи «Шамъи анҷуман»-и Сиддиқ …

Муфассал »

СИГНАТУРА

СИГНАТУРА, дар тиб, 1) як қисми ресептро гӯянд, ки дар он тарзи истифодаи дору нишон дода шудааст; 2) нусхаи ресепт, ки дар дорухона ҳамроҳи дору медиҳанд.

Муфассал »

СИГНАТУРА

СИГНАТУРА (аз лотинӣ signo — ишорат мекунам, нишон медиҳам) дар полиграфия, 1) рақами тартибии ҷузъи чопист, ки дар кунҷи чапи поёни саҳифаи якуми ҳар як ҷузъ гузошта шуда, минбаъд дар саҳифаи сеюми ҳар як ҷузъ бо ситорача такрор мешавад. Дар ҷузъбанди барои назорат кардани ҷузъҳои китоб истифода мебаранд. 2) Комаи …

Муфассал »

СИГНАЛИЗАТCИЯ

СИГНАЛИЗАТCИЯ, маҷмӯи аломатҳои шартӣ ва олоти таҷҳизотест, қи барои ирсоли сигнал ба мақсади ҷалб намудани диққат, хабардиҳӣ, интиқоли амрҳо ва таъмини гуфтугӯи тарафайн истифода мешанад. Сигнал дар роҳb оҳан, нақлиёти автомобили (нигаред Аломатҳои роҳ), авиасия, энергетика, истеҳсолот, армия, флот ва ғайра истифода мешавад. Аз рӯи таъинот Сигнали огоҳкунанда (нигаред Танзими …

Муфассал »

СИГНАЛ

СИГНАЛ (аз лотинӣ signum — аломат), аломат, просесс ё ҳодисаи физикиест, ки ин ё он ахборро нақл мекунад. Солҳо табиатан механикӣ (масалан, деформатсия, тағйири фишор), ҳароратӣ (тағйири ҳарорат), анворӣ (афрӯзиши рӯшноӣ, тасвири айёнӣ), электрӣ (тағйири қувваи ҷараён, шиддат), электромагнитӣ (радиомавҷҳо), садоб (лаппишҳои акустикӣ) ва ғайра мешаванд. Сигналро аз як намуд …

Муфассал »