Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИЁҲАК

СИЁҲАК, қароӣ, қарокалтак, як навъ ангури миёнапазак. Селексияи халқӣ. Бештар дар вилояти Ленинобод (махсусан дар деҳаҳои Исфисору Қистакӯз), инчунин дар вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон мепарваранд. Токаш тезсабз, қаламчааш баъди 3— 4 сол ҳосил мебандад, 45—48%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ аст. Аз ҳар гектар 125—140 т ҳосил мегиранд. …

Муфассал »

«СИЁСАТНОМА»

  «СИЁСАТНОМА»  асари Низомулмулк Хоҷа Қишомуддини Тӯсӣ, ки солҳои 1091—1092 таълиф ёфтааст. Сиëсатнома дар сиёсати давлатдорӣ яке аз нахустин асарҳоест, ки ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст; аз 39 фасли мухтасар иборат буд. Аммо пас аз 13 соли қатли муаллиф бо дасти котибе 11 боби нав ба он илова шуд ва …

Муфассал »

СИЁСАТИ ҚАРЗӢ

СИЁСАТИ ҚАРЗӢ, сиёсати кредитӣ, системаи чорабиниҳои пулҳо кредитиест, ки давлат барои ноил шудан ба мақсадҳои муайяни иқтисодӣ истифода мебарад ва яке аз унсурҳои сиёсати умумихоҷагӣ мебошад. Дар мамлакатҳои капиталистӣ давлати буржуазӣ бо ёрии Сиëсати қарзӣ зиддиятҳои хоси иқтисодиёти капиталистиро сабуктар, яъне бӯҳронҳои давлатиро суст, ннфлятсияро маҳдуд, таносуби баланси пардохтро таъмин …

Муфассал »

СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ

СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ, маҷмӯи чорабиниҳоеро гӯянд, ки давлат барои ғун намудани захираҳои молиявӣ ва тақсиму истифодаи онҳо меандешад. Сиëсати молиявӣ соҳаи муҳими сиёсати ӣқтисодӣ буда, характер, моҳияти иҷтимоӣ ва доираи таъсири он ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии ҷамъият, ба қонунҳои объективии инкишофи иқтисодӣ ва сохти ҷамъиятию сиёсии мамлакатҳо вобаста …

Муфассал »