Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИННИ ҚОБИЛИ МЕҲНАТ

СИННИ ҚОБИЛИ МЕҲНАТ, синни фаъолияти меҳнатии одамро гӯянд; одам дар ҷамъияти сотсиалистӣ ба меҳнат ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст, ки меҳнат ё таҳсил кунад. Дар СССР барои мардҳо аз 16 то 60, барои занҳо аз 16 то 55 солагӣ.

Муфассал »

СИННИ ҶАВОНӢ

СИННИ ҶАВОНӢ (14—15—18-солагӣ), синни калони мактабиро гӯянд. Ба камолоти организм мавзунӣ хос аст. Суръати қадкашӣ суст, ҳаҷми сандуқи сина васеъ мегардад, қобилияти корӣ меафзояд. Синни ҷавонӣ синни камолоти граждании шахс аст: қабулшавӣ ба комсомол, паспортгирӣ, пайдо кардани ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва ғайра. Дар Синни ҷавонӣ бачагон рафтори худро таҳлил …

Муфассал »

СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ

СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ (7-10 —11-солагӣ), давраи ҳаёти мактабии бачаро гӯянд. Дар ин давра дар ҳаёту фаъолият ва ҷисму рӯҳи бача тағйироти муҳим ба амал меояд. Бача ба хондан, навиштан ва ҳисоб малака ҳосил мекунад, хотира ва қобилияти мушоҳидакорию муҳокимаронии ӯ инкишоф меёбад. Шавқи бача ба донишандӯзӣ меафзояд, ӯ ба кори …

Муфассал »

СИННИ ТОМАКТАБӢ

СИННИ ТОМАКТАБӢ, давраи инкишофи кӯдакони 3—7 соларо гӯянд. Баъзан истилоҳи «Синни томактаби»-ро ба маънои васеъ — аз давраи таваллуд то ба мактабравӣ низ истифода мебаранд. Дар ин давра организми кӯдак босуръат инкишоф меёбад. Суръати инкишофи бачаҳои 3—5-сола нисбатан суст буда, баъди 5-солагӣ боз авҷ мегирад. Дар инкишофи рӯҳияи кӯдакони Синни …

Муфассал »