Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИННИ ТОМАКТАБӢ

СИННИ ТОМАКТАБӢ

СИННИ ТОМАКТАБӢ, давраи инкишофи кӯдакони 3—7 соларо гӯянд. Баъзан истилоҳи «Синни томактаби»-ро ба маънои васеъ — аз давраи таваллуд то ба мактабравӣ низ истифода мебаранд. Дар ин давра организми кӯдак босуръат инкишоф меёбад. Суръати инкишофи бачаҳои 3—5-сола нисбатан суст буда, баъди 5-солагӣ боз авҷ мегирад. Дар инкишофи рӯҳияи кӯдакони Синни томактабӣ бозӣ аҳамияти калон дорад. Ҳангоми бозӣ нутқу ҷаҳонфаҳмии бачаҳо такомул меёбад. Бачаҳо мушоҳидакор ва ба калонсолон бисёр савол медодагӣ мешаванд. Ба калонсолон, одамони далер, қаҳрамонҳои афсонавӣ ва дигар тақлид мекунанд. Баду некро фарқ мекардагӣ, худ ва ҳолати худ (масалан, шарм кардан)-ро мефаҳмидагӣ мешаванд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …