Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИННИ ҶАВОНӢ

СИННИ ҶАВОНӢ

СИННИ ҶАВОНӢ (14—15—18-солагӣ), синни калони мактабиро гӯянд. Ба камолоти организм мавзунӣ хос аст. Суръати қадкашӣ суст, ҳаҷми сандуқи сина васеъ мегардад, қобилияти корӣ меафзояд. Синни ҷавонӣ синни камолоти граждании шахс аст: қабулшавӣ ба комсомол, паспортгирӣ, пайдо кардани ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва ғайра. Дар Синни ҷавонӣ бачагон рафтори худро таҳлил мекардагӣ мешаванд. Ба Синни ҷавонӣ ташаккули ҷаҳонбинӣ, эътиқод, характер, муайянкунии роҳи ҳаёти минбаъда, пурзӯршавии ҳиссиёти дӯстию рафоқат, бедоршавии ҳиссиëти ҳақиқии муҳаббат ва ғайра хос аст. Азбаски дар ин давра балоғат ба охир мерасад ва ҷавонписарону ҷавондухтарон ба ақди никоҳ ҳуқуқ пайдо мекунанд, масъалаи муносибати ҷинсии ҷавонон, омодашавии онҳо ба ҳаёти оилавӣ аз масъалаҳои муҳимест.

Дар Синни ҷавонӣ доираи шавқу ҳаваси донишандӯзӣ (хондани адабиёти бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, техникӣ, сиёсӣ ва ғайра) васеъ гашта, мустақилӣ ва фаъолии эҷодӣ меафзояд. Синни ҷавонӣ давраи камолоти ақл ва инкишофи қобилияти мухталиф (мусиқӣ, техникӣ, бадеӣ, математикӣ, спортӣ ва ғайра) шуморида мешавад. Дуруст интихоб намудани касб, тайёр шудан ба меҳнат ва фаъолияти ҷамъиятӣ дар Синни ҷавонӣ басо муҳим аст.

                                                                                              С. Н. Алиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …