Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИОНИЗМ

СИОНИЗМ (аз номи теппаи Сион дар Байтулмуқаддас), идеология ва сйёсати шовинистии иртиҷоии буржуазияи яҳудӣ. Дар охири асри 19 пайдо шуда фаъолияти сиёсии худро аз ишора дар боби барпо намудани давлати яҳудӣ дар Фаластин ва ба он ҷо кӯчондани ҳамаи яҳудиён оғоз кард. Органи Олии сионистон Ташкилоти Умумиҷаҳонии сионистӣ (ТУС) аст, …

Муфассал »

СИНСЗЯН

СИНСЗЯН, Райони Автономии СинсзянуУйғур, Туркистони Шарқӣ, райони автономиест дар ҳайати Республикаи Халқии Хитой. Дар шимоли ғарби Хитой воқеъ гардида, бо СССР, Афғонистон, Ҳиндустон ва Республткаи Халқии Муғулистон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 1600 ҳазор км2. Аҳолиаш 10 миллион нафар (1976), асосан уйғурҳо, инчунин тоҷикон, қазоқҳо, қиргизҳо, муғулҳо, дунганҳо, хитоиҳо ва дигар миллатҳо. …

Муфассал »

СИНҶ

СИНҶ, чӯббасти иморат ё деворест, ки рӯи пойдевор сохта шуда, байни сутунҳояшро бо хишт, лой ва дигар масолеҳи сохтмон пур мекунанд. Синҷ одатан барои мустаҳкамии девор, ба зилзила тобовар шудани он, инчунин ороиши тарҳи берунию дохилии иморат хизмат мекунад. Дар меъмории Осиёи Миёна иморати Синҷӣ хеле маъмул буда, хелҳои гуногуни …

Муфассал »

СИНХРОФАЗОТРОН

СИНХРОФАЗОТРОН (синхротрони протонҳо) мошинест барои фузудани энергияи протонҳо. Нигаред низ Суръатфизоҳои зарраҳои заряднок.

Муфассал »