Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИРКО

СИРКО, сирка, 1) моеи хеле турушест, ки аз дигаргун ва вайрон шудани шароби ангур ё шираи меваҳот дигар ҳосил мешавад; 2) маҳлули обии (3—15%) кислотаи асетати хӯрокист, ки дар саноат бо роҳи ба яссенияи Сирко (маҳлули 80%-аи обии кислотаи асетат) ҳамроҳ кардани об тайёр мекунанд. Сирко барои тайёр кардани хуриши …

Муфассал »

СИРОТ

СИРОТ (арабӣ — роҳ, тариқ), сиротулмустақим, Пули Сирот, бино ба таълимоти дини ислом пулест миёни биҳишту дӯзах. Рӯзи қиёмат бояд ҳамаи бандагони Худо аз рӯи ин пул гузаранд. Онҳое, ки савобкор ва бегуноҳанд, аз рӯи пули аз мӯй ва аз дами шамшер ҳам бориктар мегузаранд ва ба биҳишт мераванд, бандаҳои …

Муфассал »

СИРКАНГАБИН

СИРКАНГАБИН, сиркангубин (аз сирко ва ангубин — асал таркиб ёфтааст), шарбатест, ки аз ҷӯшонидани сирко бо асал ё шакар (қанд) тайёр мекунанд.

Муфассал »

СИРИШК

СИРИШК, 1) номи дигари зирк; 2) дарахтест гулаш сурхтоб; онро озоддарахт ҳам мегуянд.

Муфассал »

СИРИШТ

СИРИШТ, ниҳоди инсон, табиату тинат ва хӯи модарзодии одамро гӯянд. Дарахте, ки талх аст вайро сиришт, Гараш барнишонӣ ба боғи бихишт (Фирдавсӣ) Аз рӯи ақидаи динӣ Сиришт ва сарнавишт хоси инсон буда, таквин ва тақдиру қисмати ӯро ифода мекунанд. Ба маънои офариниш ва эҷод низ истифода мешавад. Дар луғат гоҳо …

Муфассал »