Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«СИРОҶ-УЛ-ЛУҒОТ»

«СИРОҶ-УЛ-ЛУҒОТ» фарҳанги тафсирии форсӣ (тоҷикӣ), таълифи Сироҷуддин Алихони Орзу (таълифаш 1735). Орзу дар таълифи «Сироҷ -ул -Луғот» аз «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Сурурӣ», «Фарҳанги Рашидӣ» ва ғайра истифода карда бошад ҳам, вале бештар ба «Бурҳони қотеъ» пайравӣ кардааст. «Сироҷ -ул -Луғот»  монанди «Бурҳони қотеъ» аз рӯи тартиби ҳарфҳои якум, дуюм, союми …

Муфассал »

СИРОҶУДДИНИ ҚУМРӢ

СИРОҶУДДИНИ ҚУМРӢ (нимаи дуюми асри 12—байни 1237 —45), шоири форс-тоҷик. Ҷузъиëти тарҷумаи ҳолаш равшан нест. Сироҷуддини Қумрӣ шоири бебоку озодихоҳ буда, ба муҳити дарбор ва ҳокимону вазирон нафрат доштааст. Шоир дар ашъораш подшоҳони золим, вазирони беинсоф, садрҳои бедиёнат ва амалдорони мағрури замонро зери танқид гирифта. бенавоёну камбағалон-ро ҳимоя кардааст. Сироҷуддини …

Муфассал »

СИРОҶИДДИНОВ Саъдӣ Ҳасанович

СИРОҶИДДИНОВ Саъдӣ Ҳасанович (тав. 10. 05. 1920, Конибодом), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1953) профессор (1956). Академики Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1966; аъзо-корреспондент 1956), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1971). Аъзои КПСС аз соли 1952. Факултети физикаю математикаи Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ)-ро хатм …

Муфассал »

СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович

СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович (таваллудаш 24. 12. 1917, шаҳри Конибодом), ходими ҳарбӣ генерал-майор (1965). Аъзои КПСС аз соли 1944. Факултети физикаю математикаи Институти давлатии педагогии Фрунзеро хатм кардааст (1939). Аз соли 1939 дар сафҳои Армияи Советӣ. Мактаби полки Ростови Донро ба охир расонд (1940). Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Фронти Ғарбӣ …

Муфассал »

«СИРОТ-УС-СУТУР»

«СИРОТ–УС–СУТУР»  Сирот-ул-хат, Мидод-ул-хат, номи шартии маснавии Султоналии Машадӣ доир ба хати настаълиқ. Маснавӣ соли 1514 таълиф шуда, муаллиф ба он ном нагузоштааст. Се боби аввали «Сирот ус – Сутур »   мадҳу ситоиши анъанавӣ иборат аст. Муаллиф дар чор боби минбаъда, ки характери тарҷумаиҳоли дорад, дар бораи давраи кӯдакӣ ва ҷавонии …

Муфассал »