Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «СИРОТ-УС-СУТУР»

«СИРОТ-УС-СУТУР»

«СИРОТУССУТУР»  Сирот-ул-хат, Мидод-ул-хат, номи шартии маснавии Султоналии Машадӣ доир ба хати настаълиқ. Маснавӣ соли 1514 таълиф шуда, муаллиф ба он ном нагузоштааст. Се боби аввали «Сирот ус – Сутур »   мадҳу ситоиши анъанавӣ иборат аст. Муаллиф дар чор боби минбаъда, ки характери тарҷумаиҳоли дорад, дар бораи давраи кӯдакӣ ва ҷавонии худ, майлу рағбаташ ба санъати хушнависӣ, ҷустуҷӯ ва ниҳояти камолоташ дар ҳунари хаттотӣ ҳикоят кардааст. Манзума бо вазни хафиф ва забони соддаву фасеҳ навишта шудааст. Муаллиф дар «Сирот – ус – Сутур» доир ба тарзи тайёр кардани асбобҳои китобат, интихоби қалам ва тарзи буридани он, тайёр кардани сиёҳӣ, интихоби коғаз маслиҳатҳо дода, ба масъалаи таълими хат — тарзи машқ ва қоидаҳои нигориши ҳарфҳо бобҳои махсус кушодааст. «Сирот – ус – Сутур»  аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дошта, солҳои зиёд чун дастуруламал хизмат кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …