Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИСТЕМА

СИСТЕМА (юнонӣ — кул, мураттаб аз ҷузъҳо; васл), маҷмуи унсурҳоеро гӯянд, ки бо ҳамдигар робитаю муносибати мутақобила дошта, як чизи томро ташкил медиҳанд ва ба тартиби муайян ҷойгир шудаанд. Система моддӣ ва абстрактӣ мешавад. Системаи моддӣ аз Системаи табиати ғайриорганикӣ, Системаи организми зинда, Системаи ҷамъиятӣ ва Системаи абстрактӣ аз мафҳум, …

Муфассал »

СИСТЕМАИ АВТОМАТОНИДАШУДАИ ИДОРА (АСУ)

СИСТЕМАИ АВТОМАТОНИДАШУДАИ ИДОРА (АСУ), маҷмӯи усулҳои иқтисодию математикӣ, воситаҳои техникӣ (ҳисобмошинҳои электронӣ, воситаҳои алоқа, олатҳои тасвири информатсия ва ғайра) ва комплекси тадбирҳои ташкилиро гӯянд, ки объектҳои мураккабро босамар идора менамояд. Системаи автоматонидашудаи идора ҳосилнокии меҳнати кормандони аппарати баплангирӣ ва идораро баланд, хароҷоти маъмурию идоравиро кам мекунад ва звеноҳои зиёдатии идораро …

Муфассал »

СИСАНБАР

СИСАНБАР (Тhumus), ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ё нимбуттаест аз оилаи лабгулҳо. Пояаш одатан хамида, сершохчаи резабарг, пудинамонанд. Гулаш майда, гулобитоб, сафед ё нилгун, як ё дуҷинса, хӯшагулаш саракмонанд. Мевааш «чормағзак». Дар СССР қариб 140 намуди Сисанбар мерӯяд ва махсусан ду намуди он  бисёр мебошад. Сисанбари боғиро дар Украина ва кишвари Краснодар …

Муфассал »

СИСАКЯН Норайр Мартиросович

СИСАКЯН Норайр Мартиросович (25. 01. 1907, шаҳри Аштараки РСС Арманистон —12. 3. 1966, Москва), биохимики советӣ, академики АФ СССР (1960; аъзо- корреспондент 1953), академики АФ РСС Арманистон (1965; аъзо-корреспондент 1945). Аъзои КПСС аз соли 1937. Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К. А. Тимирязеви Москваро хатм кардааст (1932). Аз соли 1935 …

Муфассал »

СИРҚАТ

СИРҚАТ, плагиат, вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ё ихтироъкориро гӯянд. Ғайриқонунӣ аз они худ кардани асарҳо (илмӣ, адабӣ, мусиқӣ) ё ихтироот ва ё таклифи ратсионализатории каси дигарро номанд. Мувофиқи ҳуқуқи советӣ айбдор барои Сирқат бо тартиби гражданӣ ё ҷиноятӣ вобаста аз дараҷаи хатарноки ҷамъиятиаш ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Мувофиқи қонунтузории гражданӣ …

Муфассал »