Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САФОИИ ХУРОСОНӢ

САФОИИ ХУРОСОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар Язд умр ба сар бурдааст. Бино ба маълумоти тазкиранависон Сафоии Xуросонӣ аз дӯстони Ҷомӣ будааст. Ин байт аз ӯст: Сӯхтам чандон, ки бар тан нест ҷои доғ, Баъд аз ин хоҳам ниҳодан доғ болои доғ.

Муфассал »

САФОИИ ТАБРЕЗӢ

САФОИИ ТАБРЕЗӢ таваллуж номаълум, Табрез — вафот 1607, Қазвип), шоири форс-тоҷик. Дар Табрез таҳсил карда, баъди аз ҷо- ниби туркони усмонӣ забт шудани ин шахр ба Қазвин фирор кард ва дар он ҷо даргузашт. Сафоии Табрезӣ дар фиқҳ устод буд ва бо хаттотӣ низ машғул мешуд. Маҳорати баланди шеъргӯӣ дошт …

Муфассал »

САФОЕВ Тошпӯлод

САФОЕВ Тошпӯлод (1902, деҳаи Гашниёни Файзобод—5. 12. 1974, шаҳри Қӯрғонтеппа), пахтакор, Қаҳрамони ‘Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —1945). Солҳои 1939 —1963 коргар, сардори бригадаи пахтакории совхози ба номи В. В. Куйбышеви райони Қӯрғонтеппа ва аз соли 1963 нафақахӯри шахсӣ. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Муфассал »

САФИФА

modarandar

САФИФА (арабӣ пешонӣ) тибби қадим истилоҳест, ки мавзеи байни чашмону мӯи пеши сарро ифода мекунад.  

Муфассал »

САФОЕВ Солеҳҷон

САФОЕВ Солеҳҷон (таваллуд 1900, деҳаи Самсолиқи Қаротегин), яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷанги гражданӣ иштирокчии Револютсияи Бухоро. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1923. Аз 12- солагӣ дар заводи пахтаи Хӯқанд кор кардааст. Баробари сар шудани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) ба …

Муфассал »