Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СОАТ

chasy

СОАТ (лотинӣ Horologium, русӣ Часы), бурҷест дар Нимкураи ҷанубии осмон; равшантарин ситорааш 3,9 қадри ситоравӣ дорад. Дар ноҳияҳои ҷанубии СССР дар охирҳои тирамоҳ ва зимистон мушоҳида мешавад.

Муфассал »

СНЕГИРЕВ Владимир Фёдорович

snegirov

СНЕГИРЕВ Владимир Фёдорович (9. 7. 1847, Москва— 1. 1. 1917, ҳамон ҷо), духтури рус, яке аз асосгузорони илми гинекология дар Россия. Соли 1870 факултети тиббии Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1884 профессори  ҳамин университет. Ӯ касалии гинекологиро фақат касалии узвҳои ҷинсӣ нею, касалии тамоми организм мешуморид. Асарҳои асосии Снегирев …

Муфассал »

СНЕСАРЕВ Андрей Евгеневич

snesarov

СНЕСАРЕВ Андрей Евгеневич (13. 12. 1865, Старая Калитва, ҳозира райони Россошини вилояти Воронеж — 4. 12. 1937, Москва), ходими ҳарбии рус ва советӣ, Қаҳрамони Меҳнат (1928), олими шарқшинос. Аз оилаи рӯҳонӣ. Факултети математикаи Университети Москва (1888) ва Консерваторияи Москваро хатм намуд; 14 забонро медонист. Академияи штаби генералиро хатм кард. Дар …

Муфассал »

СМИСЛОВ Василий Василович

smyslov

  СМИСЛОВ Василий Василович (24. 3. 1921, Москва), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери СССР (1941), Устоди хизматнишондодаи спорт (1948), гроссмейстери байналхалқӣ (1950). Чемпиони СССР (1949) ва ҷаҳон (солҳои 1957—58). Соли 1948 дар мусобиқаи шоҳмотбозон барои гирифтани ҷои якум дар ҷаҳон иштирок кард ва ҷои дуюмро баъди Ботвинник гирифт. Дар ҳайати командаи яккачини …

Муфассал »

СМУУЛ Юхан

smuul

СМУУЛ (то 1954— Шмуул) Юхан (18. 2. 1922, деҳаи Когуваи ҷазираи Муху—13. 4. 1971, Таллин), нависандаи советии эстон, Нависандаи Халқии РСС Эстония (1965). Аъзои КПСС аз соли 1951. Ашъораш аз ибтидои солҳои 40 нашр шудаанд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Ҷавонии пурмашаққат» (1946). Дар маҷмӯаи шеърҳои «Бригадаи ҷавонон аз Ярвесуу»  (1948) ва …

Муфассал »