Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СОМЕА

somea1

СОМЕА (арабӣ Шунавоӣ, қувваи шунавоӣ), яке аз ҳавоси хамса (қувваҳои ҳисси панҷгона)-ро гуянд, ки тавассути он одам ва ҳайвон садоро дарк мекунад. Вобаста ба дараҷаи инкишоф, ҷои зиндагӣ ва ғайра Сомеаи ҳайвонот гуногун мешавад. Сомеа бори аввал дар ҳашарот ба вуҷуд омадааст. Ҳамаи ҷонварони муҳрадор низ Сомеа доранд; дар ширхурҳо …

Муфассал »

СОМАТОТИП

somatotip

СОМАТОТИП, дар антропология як шакли сохти бадани одамро гуянд. Ҳангоми ҷудо намудани Соматотип дараҷаи инкишофи скелет, мушакҳо, равғанҷудокунӣ, шакли қафаси сина, шикам ва тахтапушт ба назар гирифта мешаванд.

Муфассал »

СОМАТОЛОГИЯ

somatology

СОМАТОЛОГИЯ (аз юн. soma ва …логия), як соҳаи морфологияи одамро гӯянд, ки тағйирёбии шаклу андозаи бадани одам ва қисмҳои онро меомӯзад. Самотология соматоскопия (тавсифи сохт, таносуби бадан, узвҳо) ва соматометрия (чен намудани бадан ва қисмҳои он, вазн, қувваи мушакҳо) -ро дар бар мегирад.  

Муфассал »

Ҷумҳурии СОМАЛӢ

somalia

СОМАЛӢ (Soomaaliya), Республикаи Демократии Сомалӣ (РДС), давлатест дар шимолу шарқи Африка, дар нимҷазираи Сомалӣ. Масоҳаташ 637,6 ҳаз. км2. Аҳолиаш 5085 ҳазор нафар (1982), асосан сомалигиҳо. Аҳолии шаҳрӣ 15% (1975). Забонҳои расмӣ — сомалигӣ ва арабӣ. Дини ҳукмрон — ислом. Пойтахт ва банда ри асосиаш шаҳри Могадишо. Сардори давлат—президент. Органи қонунбарор …

Муфассал »

СОМАЛИГИҲО

somalogi

СОМАЛИГИҲО, халқест дар нимҷазираҳои Сомалии Африка. Дар Республикаи Демократии Сомалӣ, ноҳияҳои сарҳадии Эфиопия, инчунин дар Кения ва як қатор мамлакатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Шумораашон 4350 ҳазор (1978). Забони Сомалӣ ба забонҳои кушити мансуб аст. Диндорон мусулмони сунимазҳабианд. Дар ноҳияҳои қадимаи нимҷазираҳо байни Сомалӣ унсурҳои сохти ҷамоаи қавми-авлодӣ боқӣ мондаанд. Машғулияти …

Муфассал »