Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СОЦИАЛИЗАЦИЯ

socialization

СОЦИАЛИЗАЦИЯ (аз лотинӣ socialis —ҷамоавӣ), ҷараёни маърифатӣ буда, аз дарки системаи муайяни донишҳо, нормаҳо ва сарватҳое иборат мебошад, ки барои аъзои комилҳуқуқи ҷамъият будани афрод имконият медиҳад; он ҳам таъсири мақсаднок ба шахсият (тарбия) ва ҳам процессҳои стихиявию ботинии ба ташаккули вай муассирро дар бар мегирад. Социализация бо сохти иҷтимоию …

Муфассал »

СОФОКЛ

sophocles_pushkin

СОФОКЛ (sophokles) (тақрибан 496— 406 то м.), драматурги Юнови Қадим. Дар ноҳияи Афина — Колоне таваллуд ёфтааст. Муъофиқи маълумоти маъхазҳои атиқӣ бештар аз 120 драма навиштааст. Аз асарҳои Софокл то замони мо фоҷиаҳои «Аякс» (то 442 то м.), «Антигона» (тақрибан 441 то мелод.), «Шоҳ Эдип» (тақрибан 425 то мелод.; тарҷумаи …

Муфассал »

Шаҳри СОФИЯ

sofiya

СОФИЯ, пойтахти Республикая Халқии Булғория. Шаҳри калонтарин ва маркази муҳими иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар доманаи куҳи Витоша, дар баландии 530—650 м, воқеъ гаштааст. Аҳолиаш қариб 1179 ҳазор нафар (1983). София қариб 15% маҳсулоти саноатии мамлакатро медиҳад. Махсусан соҳаҳои саноати вазнин — металлургияи сиёҳ ва ранга, мошинсозӣ (аз ҷумла асбобсозӣ, …

Муфассал »

СОФИСТОН

sofisty

СОФИСТОН (аз юнонӣ sophisten — бомаҳорат, хирадманд), дар Юнони Қадим пайравони ин ё он соҳа: 1) муаллимони касбии фалсафа ва суханвари нимаи 2-юми асри 5 ва нимаи 1-уми асри 4 то мелод. (Протагор, Горгия, Гиппий, Продик, Антифонт, Критий ва ғайра). Ба Софистон ҷустуҷӯи ҳақиқати кул оид ба кайҳон ва ҳасти, …

Муфассал »

СОССЮР Фердинанд-Монжон

ferdinand_de_saussure_by_jullien

СОССЮР (saussure) Фердинанд-Монжон де (26. 11. 1857. Женева — 22. 2. 1913, Вюфлан-сюр-Морж), забоншиноси швейцарӣ. Яке аз асосгузорони структурализм дар забоншиносӣ. Аз оилаи олими маъданшинос. Дар университетҳои Женева (1875), Лейпциг, Берлин (1876—80) таҳсил кардааст. Соли 1880 пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ ба Париж рафта, забонҳои эронӣ ва санскритро амиқтар омӯхт. …

Муфассал »