Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТАВИСКИЙ Борис Яковлевич

unknown_person-11

СТАВИСКИЙ Борис Яковлевич (таваллуд 25. 11. 1926, ноҳияи Бодайбои вилояти Иркутск), бостоншиноси советӣ, муҳаққиқи таърихи маданият ва санъати Осиёи Миёна, доктори илмҳои таърих (1978). Аз оилаи хизматчӣ. Ставийский 1949 факултети таърихи Университети давлатии Ленинградро хатм намудаасг. Аз соли 1968 мудири шӯъбаи Институти марказии тадқиқоти илмии Вазорати маданияти СССР оид ба …

Муфассал »

СТАВКАИ САРФАРМОНДЕҲИ ОЛӢ

stavka

СТАВКАИ САРФАРМОНДЕҲИ ОЛӢ (ССО), органи олии фавқулодаи идоракунии ҳарбӣ, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ба Қувваҳои Мусаллаҳи СССР роҳбарии стратегӣ мекард. 23 июни 1941 бо қарори СКХ СССР ва КМ ВКП(б) таъсис ёфт.

Муфассал »

СТАБИЛОТРОН

stabilotron

СТАБИЛОТРОН, генератори фавқулбасомади аз рӯи басомад стабилизонидашударо гӯянд. Аз платинотрон ва занҷири алоқаи акс иборат аст. Стабилотронро баъзан бо магнетрон муштарак истифода мебаранд.

Муфассал »

СТАБИЛОНӢ

СТАБИЛОНИ (аз лотинӣ stabilis — устувор, доимӣ), мустаҳкам намудан, ба як ҳолати устувор овардан ва ё нигоҳ доштани ҳамин ҳолати устуворро гӯянд. Дар идора ва танзими автоматӣ бошад, Стабилонӣ гуфта новобаста ба таъсироти берунӣ (ба объекти Стабилонӣ) ва дарунии ба ғалаён оваранда (дестабилонанда) бетағйир (доими) нигоҳ доштани қимати як (ё …

Муфассал »

СТАБИЛИТРОН

stabilitron

СТАБИЛИТРОН (аз лот. stabilis — устувор, доимӣ ва …трон), асбоби газуразрядии дуэлектрода ё худ афзори нимноқилиест барои стабилонии шиддат. Стабилитрони силицийӣ, Стабилитрони разряди тоҷшакл ва Стабилитрони разряди хомӯшшаванда мавҷуданд. Стабилитрони силицийӣ дар шиддати 5—300 В, Стабилитрони разряди тоҷшакл дар шиддати 300 В— 30 кВ ва Стабилитрони разряди хомушшаванда дар шиддати …

Муфассал »